Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Александр Худолеев
Ёздаҳуми ноябри соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки мо ба дӯстии байни халқҳоямон ва муносибатҳои шарикии стратегии кишварҳоямон, ки бар асоси Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба роҳ монда шудаанд, баҳои баланд медиҳем. «Муносибатҳои дуҷонибаи мо дар заминаи иродаи сиёсии қавӣ, талошҳои пайгирона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко пайваста рушду такомул меёбанд. Мо зарур мешуморем, ки талошҳои муштараки худро ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои бадастомада ва такмили заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ идома диҳем», - изҳор дошт Файзалӣ Идизода.
Изҳор шуд, ки мо барои иштироки ҳамкасбони беларусиамон дар чорабиниҳое, ки бо ташаббуси Тоҷикистон баргузор мегарданд, изҳори сипос намуда, пешниҳод менамоем, ки табодули сафарҳои ҳайатҳои парламентӣ дар сатҳҳои гуногун фаъолтар карда шавад. Ҳамзамон, мо ҷонибдори баланд бардоштани нақши дипломатияи парламентӣ дар ташаккули фазои эътимоди мутақобила ва ҳамкории созанда байни давлатҳоямон мебошем.
Нақши намояндагиҳои дипломатӣ дар таҳкими робитаҳои байни кишварҳо махсус таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки айни замон имконоти мавҷудаи ҳамкориҳо байни кишварҳоямон ҳанӯз ба таври пурра истифода нашудаанд, вале дар оянда барои рушду таҳкими ҳамаҷониба кӯшиш хоҳем намуд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
