https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Беларус

№:147 (5199), 18 ноя 2026, 14:16
6

Ёздаҳуми ноябри соли 2026 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев вохӯрӣ намуд.

Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки заминаи устувори муносибатҳои Тоҷикистону Беларусро муносибатҳои неку дӯстонаи байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ташкил медиҳанд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Беларус дар низоми авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ба шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи сарони ду давлат заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус­ро беш аз 100 санади дуҷониба дар бар гирифта, муносибатҳои мутақобиларо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо танзим менамояд.

- Яке аз самтҳои муҳим ва ҷудонопазири муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба аҳамияти хоса дошта, ба густариши муколамаи байнипарлумонӣ, ­фаъол гардидани робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ва таҳкими ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мусоидат менамоянд, - гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён

Таъкид гардид, ки парлумонҳои кишварҳои мо дар таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, таъмини иҷрои созишҳои бадастомадаи байнидавлатӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: