https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ ВА ДУРНАМОСОЗИИ ДАВЛАТӢ»

16 май 2025, 15:59
9

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» аз 25 майи соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, № 7, мод. 436) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 

1. Дар муқаддима калимаҳои «ва амалисозии» ба калимаҳои «, амалисозӣ, мониторинг ва арзёбии» иваз карда шаванд. 

2. Дар моддаи 1: 

- банди 3) дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 

«3) барнома - маҷмуи чорабиниҳо, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои умумӣ дар доираи афзалиятҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ бо назардошти истифодаи босамари захираҳои табиӣ, моддӣ ва молиявӣ дар давраи миёнамуҳлат равона гардидаанд;»; 

- банди 7) дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 

«7) консепсия - дурнамои дарозмуҳлати илман асосноккардашуда, ки самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишварро бо назардошти афзалиятҳои миллӣ ва соҳавӣ муайян менамояд;»;

- банди 11) дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 

«11) нақшаи амал - маҷмуи амал барои ҳалли масъалаҳои фаврӣ ва фавқулодаи баамаломада, инчунин иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;»; 

- банди 12) бо мазмуни зерин илова карда шавад: 

«12) нақшаи чорабиниҳо - маҷмуи чорабиниҳои мушаххас барои расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои дар стратегияҳо ва барномаҳо гузошташуда;»; 

- бандҳои 12) ва 13) мувофиқан бандҳои 13) ва 14) ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«13) стратегия - маҷмуи амалҳои дарозмуҳлат барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки ба таъмини рушди устувор ва мутавозин дар заминаи истифодаи оқилонаи захираву иқтидорҳои мавҷуда нигаронда шудаанд;

14) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ - дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳои миллии рушд, барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ, нақшаи чорабиниҳо, нақшаи амал, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрак ва деҳот;»;

- бандҳои 14) ва 15) мувофиқан бандҳои 15) ва 16) ҳисобида шаванд.

3. Дар моддаи 4: 

- дар банди 1) калимаҳои «ва нақшаҳои амал оид ба амалисозии онҳоро» ба калимаҳои «, нақшаи чорабиниҳо ва нақшаи амалро» иваз карда шаванд; 

- бандҳои 4) ва 5) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд: 

«4) тартиби таҳия ва тасҳеҳи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро тасдиқ менамояд; 

5) тартиби мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро тасдиқ менамояд;». 

4. Дар моддаи 5:

- банди 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 

«2) мутобиқати ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро ба ҳадафу афзалиятҳои миллӣ ва дигар уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳамоҳанг менамояд;»; 

- дар банди 10) калимаҳои «тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стретегиро» ба калимаҳои «тартиби таҳия ва тасҳеҳи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро» иваз карда шаванд; 

- банди 11) бо мазмуни зерин илова карда шавад: 

«11) тартиби мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро омода ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;»; 

- банди 11) банди 12) ҳисобида шавад. 

5. Дар банди 3) қисми 2 моддаи 7 калимаҳои «ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор» ба калимаҳои «иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон» иваз карда шаванд. 

6. Аз номи бобҳои 3 ва 4 калимаҳои «ВА КОНСЕПСИЯ» хориҷ карда шаванд. 

7. Қисми 1 моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар чунин шакл таҳия карда мешаванд: 

1) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ – дурнамоҳои давлатӣ, консепсия, стратегияи миллии рушд, барномаи миёнамуҳлати рушд ва нақшаи чорабиниҳо;

2) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ – дурнамо, консепсия, стратегия, барнома, нақшаи чорабиниҳо ва нақшаи амали соҳавӣ;

3) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи маҳаллӣ – дурнамо, барнома ва нақшаи амал.». 

8. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 

«Моддаи 9. Сохтор ва мазмуни ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ 

1. Дурнамоҳои давлатӣ аз нишондиҳандаҳои демографӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, экологӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва дигар соҳаҳои алоҳидаи кишвар иборат буда, тибқи муқаррароти боби 6 Қонуни мазкур таҳия карда мешаванд. 

2. Консепсия масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: 

1) маҷмуи нуқтаи назарҳои илман асосноккардашуда ва бо ҳам алоқаманд;

2) самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии давлатӣ, аз ҷумла соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ, комплексҳои байнисоҳавӣ, инчунин самтҳои асосии сиёсати илмию техникӣ, навоварӣ, сармоягузорӣ, экологӣ, минтақавӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодии хориҷӣ ва амниятию мудофиавӣ;

3) самтҳои амалисозии ҳадафҳои стратегӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои алоҳидаи он дар ояндаи дарозмуҳлат;

4) низом ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаҳои алоҳидаи он бо назардошти манфиатҳои стратегӣ ва миллӣ.

3. Стратегия масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: 

1) шарҳи мухтасари ҳуҷҷати стратегӣ ва таҳлили ҳолати ҷорӣ бо муайян намудани мушкилоти мавҷуда;

2) ҳадаф ва вазифаҳои стратегия;

3) муайян намудани самтҳои афзалиятнок, натиҷаҳои чашм­дошт ва арзёбии хавфҳои эҳтимолӣ;

4) имкониятҳои молиявӣ барои амалисозии стратегия;

5) механизми амалисозии стратегия;

6) низоми ҳисоботдиҳӣ, мониторинг ва арзёбӣ.

4. Барнома масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

1) асосҳои заминавии таҳияи барнома;

2) таҳлили ҳолати ҷорӣ бо муайян намудани мушкилоти мавҷуда;

3) ҳадаф ва вазифаҳои барнома;

4) муайян намудани самтҳои афзалиятнок, натиҷаҳои чашм­дошт ва арзёбии хавфҳои эҳтимолӣ;

5) низоми ҳисоботдиҳӣ, мониторинг ва арзёбӣ. 

5. Нақшаи чорабиниҳо муҳлати иҷро, масъулони иҷро, индикаторҳои асосӣ барои мониторинг ва арзёбӣ, ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузорӣ (давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ)-и чорабиниҳои мушаххасро дар бар мегирад.

6. Нақшаи амал аз маҷмуи амалҳои мувофиқашуда бо нишон додани муҳлати иҷро, масъули иҷро, ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузорӣ ва натиҷаҳои чашмдошт иборат мебошад.».

9. Моддаи 10 хориҷ карда шавад.

10. Моддаҳои 11 ва 12 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«Моддаи 11. Таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ

1. Дурнамоҳои давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ таҳия гардида, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

2. Дурнамоҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

3. Дурнамоҳои давлатӣ барои самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, экологӣ, фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиаи кишвар барои соли навбатӣ ва параметрҳои он барои 2 соли оянда таҳия мешаванд.

4. Консепсияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати на кам аз 20 сол тасдиқ ва онро дар 5 сол як маротиба дар ҳолати зарурӣ тасҳеҳ менамояд.

5. Механизми амалишавии консепсия стратегия ба ҳисоб меравад.  

6. Стратегияи миллии рушд ва барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ таҳия гардида, дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ барои баррасӣ ва маъқул донистан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

7. Стратегияи миллии рушд ва барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. 

8. Давраи амали стратегияи миллии рушд 15 сол ва давраи амали барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 солро дар бар мегиранд.

9. Стратегия метавонад дар доираи афзалиятҳои консепсия ва ё барои муайян намудани ҳадаф ва афзалиятҳои мушаххаси алоҳида таҳия карда шавад.

10. Механизми амалишавии стратегия барнома ё нақшаи чорабиниҳо (барои 5 сол) ба ҳисоб меравад.

Моддаи 12. Таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ

1. Консепсия, стратегияҳо, барномаҳои соҳавӣ, нақшаи чорабиниҳо ва нақшаи амали соҳавӣ аз ҷониби вазорату идораҳо вобаста ба самти фаъолияташон таҳия гардида, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

2. Консепсия, стратегияҳо, барномаҳои соҳавӣ, нақшаи чорабиниҳо ва нақшаи амали соҳавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияҳо, барномаҳои соҳавии бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

3. Давраи амали стратегияҳои соҳавӣ на камтар аз 15 сол ва давраи амали барномаҳои соҳавӣ на камтар аз 5 солро, ба истиснои стратегияҳо ва барномаҳои соҳавии бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ дар бар мегиранд.

4. Нақшаи амал барои давраи муайян таҳия карда мешавад.

5. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтӣ, пурра ва самараноки стратегияҳо, барномаҳо, нақшаи чорабиниҳо ва нақшаҳои амали соҳавӣ масъул мебошанд.».

11. Дар моддаи 13:

- аз қисмҳои 2 ва 4 калимаи «давраи» хориҷ карда шавад;

- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«5. Нақшаи амал аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва раисони ҷамоатҳо барои давраи муайян тасдиқ мегардад.».

12. Моддаи 14 хориҷ карда шавад.

13. Ба моддаи 15 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«6. Тартиби маблағгузории чорабиниҳои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».

14. Дар қисми 2 моддаи 16 банди 2) хориҷ карда шуда, банд­ҳои 3), 4), 5), 6), 7), 8) ва 9) мувофиқан бандҳои 2), 3), 4), 5), 6), 7) ва 8) ҳисобида шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегие, ки то мавриди амал қарор гирифтани он қабул гардидаанд ё ҷиҳати амалигардонии ин ҳуҷҷатҳо қабул мешаванд, татбиқ намегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, №2175

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №49

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» қабул карда шавад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 16 апрели соли 2025, №75