ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТҲОИ САҲОМӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 170; с. 2008, №10, мод. 812; с. 2009, №5, мод. 318, №7 - 8, мод. 496; с. 2010, №1, мод. 9, №12, қ. 1, мод. 816; с. 2011, №12, мод. 844; с. 2016, №11, мод. 890; с. 2022, №7, мод. 449) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 63 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Таъсис ва фаъолияти Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон)-и ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад, тибқи хусусиятҳои пешбининамудаи Низомномаи намунавӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, сурат мегирад.».
2. Ба қисми 2 моддаи 64 пас аз калимаи «оиннома» калимаҳои «, Низомномаи намунавии Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон)-и ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад» илова карда шаванд.
3. Дар сархати бисту якуми банди дуюми қисми 1 моддаи 65 калимаҳои «ва оинномаи ҷамъияти саҳомӣ» ба калимаҳои «, оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва Низомномаи намунавии Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон)-и ҷамъиятҳои саҳомӣ» иваз карда шаванд.
4. Ба қисми 3 моддаи 85 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар Низомномаи намунавии Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон)-и ҷамъиятҳои саҳомӣ метавонанд талаботи дигар ба директори мустақил муқаррар карда шаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, №2176
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №48
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, 26 феврали соли 2025, №1581