https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ»

16 май 2025, 16:03
10

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» аз 15 марти соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, № 1-3, мод. 26) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд: 

1. Дар банди 12) моддаи 1 калимаҳои «грантҳо, ба истиснои грантҳо дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ» ба калимаҳои «инчунин грантҳо» иваз карда шаванд.

2. Дар қисми 1 моддаи 5:

- банди 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1) ташкилотҳои харидор;»;

- банди 2) хориҷ карда шавад;

- бандҳои 3) ва 4) мувофиқан бандҳои 2) ва 3) ҳисобида шаванд.

3. Банди 6) моддаи 6 хориҷ карда шуда, банди 7) банди 6) ҳисобида шавад.

4. Дар моддаи 7:

- банди 7) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«7) тасдиқ намудани натиҷаҳои арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ ва муайян намудани ғолиби озмун;»;

- дар банди 8) калимаҳои «харидори соҳибтахассус» ба калимаи «харидор» иваз карда шаванд.

5. Аз қисми 1 моддаи 8 калимаҳои «ташкилоти харидори соҳибтахассус ё» хориҷ карда шаванд.

6. Моддаҳои 10 ва 11 хориҷ карда шаванд.

7. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 15. Таҳкими иқтидори захираҳои кадрӣ дар соҳаи хариди давлатӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад барои таҳкими захираҳои кадрӣ дар соҳаи хариди давлатӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони харид ва такмили ихтисоси онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

2. Агар вобаста ба ҳаҷми умумӣ ва хусусиятҳои харид мувофиқи мақсад бошад, ташкилоти харидор метавонад вазифаҳоро оид ба ташкил ва анҷом додани расмиёти харид ба зиммаи шахс(он)-и мансабдори дорои сертификати мутахассиси харид вогузор намояд ё воҳиди сохтории харидро, ки дар он ҳадди ақал яке аз кормандон дорои сертификати мутахассиси харид мебошад, ташкил намояд. Барои гирифтани сертификати мутахассиси харид шахс(он)-и мансабдор ё корманд(он)-и воҳиди сохтории харид бояд мутобиқи барномаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ё барномаҳои бо мақоми ваколатдори давлатӣ муштарак омӯзонида шавад. Сертификати мутахассиси харид аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳо барои гирифтани сертификат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ мегузаронад, дода мешавад.

3. Мутахассисони харид уҳдадоранд дар барномаҳои такмили ихтисос, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ ва гузаронида мешаванд, бо минбаъд супоридани имтиҳон, ки барои нигоҳ, доштани эътибори амали сертификати мутахассиси харид асос мебошад, иштирок намоянд.».

8. Дар қисми 1 моддаи 30 калимаи «дорои» ба калимаҳои «дар шакли хаттӣ ё» иваз карда шавад.

9. Қисми 4 моддаи 35 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«4. Ташкилотҳои харидор ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои тасдиқ натиҷаҳои арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ ва муайян намудани ғолибро пешниҳод менамоянд.».

10. Дар қисми 1 моддаи 43 калимаҳои «Ҳуҷҷатҳои озмунӣ» ба калимаҳои «Пешниҳодҳои озмунӣ» иваз карда шаванд.

11. Дар моддаи 49:

- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Ташкилоти харидор метавонад дархости нархномаро мутобиқи қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 моддаи мазкур барои хариди молҳо, ки дастрас буда, барои онҳо бозори ташаккулёфта мавҷуд аст, инчунин барои хариди кор ва хизматрасонии ғайримашваратӣ мутобиқи номгӯй, ки дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ тасдиқ шудааст, истифода намояд, ба шарте ки арзиши тахминии шартномаи харид аз ҳадди нишондиҳандаи арзишии дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқарраргардида камтар бошад.»;

- дар қисми 2 калимаҳои «ё хизматрасонӣ» ба калимаҳои «, кор ё хизматрасонии ғайримашваратӣ» иваз карда шаванд.

12. Дар қисми 3 моддаи 71: 

- банди 1) бо мазмуни зерин илова карда шавад: 

«1) банақшагирии харид, аз ҷумла таҳияи тавсифоти техникӣ ва ҳуҷҷатҳои озмунӣ;»; 

- бандҳои 1), 2), 3) ва 4) мувофиқан бандҳои 2), 3), 4) ва 5) ҳисобида шаванд. 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, №2177

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­роту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №50

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­роту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 16 апрели соли 2025, №77