ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 316; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 828; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1006; с. 2015, №11, мод. 972; с. 2016, №5, мод. 370; с. 2019, №1, мод. 33, №7, мод. 475; с. 2020, №1, мод. 27; с. 2023, №1-3, мод. 4) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Хусусияти бақайдгирии давлатӣ вобаста ба шахсони ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба анҷомдиҳии амалиётҳои бонкӣ, аз ҷумла бонкии исломӣ, амалиётҳо бо асъори хориҷӣ, фаъолияти оператори низоми пардохт ва суғуртавӣ анҷом медиҳанд, бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».
2. Дар моддаи 2:
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бақайдгирии электронӣ – пешниҳоди электронии ҳуҷҷатҳо аз ҷониби аризадиҳанда барои бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва қатъ намудани фаъолият, ки дар натиҷаи он аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷати бақайдгирии давлатӣ дар шакли электронӣ дода мешавад;»;
- дар сархати сеюм баъд аз калимаҳои «анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ» калимаҳои «дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ» илова карда шаванд;
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- молик-бенефитсиар – шахс (шахсон)-и воқеие, ки бевосита ё бавосита (тавассути шахсони сеюм, аз ҷумла тавассути силсилаи соҳибият) соҳиби ҳуқуқи моликият (соҳиби иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ) мебошад (мебошанд) ё муштариро воқеан назорат мекунад (мекунанд), ё шахси воқеие, ки аз ном ё ба манфиати ӯ амалиёт (аҳд) анҷом дода мешавад, инчунин шахс (шахсон)-и воқеие, ки шахси ҳуқуқӣ ё созмони ҳуқуқии хориҷиро назорат мекунад (мекунанд);».
3. Дар моддаи 4:
- дар банди 1) қисми 3 калимаҳои «се рӯзи корӣ» ва «як рӯзи корӣ» ба рақам ва калимаи «24 соат» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «як рӯзи корӣ» ба рақам ва калимаи «24 соат» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 5:
- банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5) фаъолияти мақомоти андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро дар самти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд;»;
- банди 5) мувофиқан банди 6) ҳисобида шавад.
5. Дар қисми 2 моддаи 9 калимаҳои «як рӯзи корӣ» ба рақам ва калимаи «24 соат» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «дархости хаттӣ» калимаҳои «дар шакли коғази ва ё электронӣ» илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 11:
- дар банди 4) қисми 1 пас аз калимаҳои «дорандаи феҳристи саҳмдорон» аломат ва калимаҳои «, нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумот дар бораи молик-бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ» илова карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳо ва рақамҳои «банди 5) қисми 1» ба калимаҳо ва рақамҳои «банди 6) қисми 1» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 22:
- дар банди 5) аломати нуқта вергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- банди 6) хориҷ карда шавад.
8. Дар қисми 2 моддаи 33 калимаҳои «се рӯзи корӣ» ба рақам ва калимаи «24 соат» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, №2179
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №47
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, 26 феврали соли 2025, №1579