ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 7, мод. 345; с. 2009, № 5, мод. 327; с.2010, № 1, мод. 3; с. 2011, № 12, мод. 848; с. 2013, № 3, мод. 191; с. 2015, № 11, мод. 971; с. 2016, № 7, мод. 629, № 11, мод. 884; с. 2019, № 4-5, мод. 230, № 6, мод. 324, мод. 325; с. 2021, № 6, мод. 396; с. 2023, № 11, мод. 477, № 12, мод. 576; с. 2024, № 5-6, мод. 268; с. 2025, № 3-4, мод. 250, мод. 251) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати бисту якуми қисми 2 моддаи 4, номи боби 1611, ном ва муқаддимаи қисми 1 моддаи 6329 ва моддаи 6332 пас аз калимаи «автомобилӣ» калимаҳои «ва аккумуляторҳо» илова карда шаванд.
2. Ба қисми 2 моддаи 4 сархати бисту дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- пардохт барои нобудозӣ (утилизатсия)-и истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ;».
3. Дар моддаи 6329:
- дар сархати дуюми қисми 1 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз гардида, сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- аз аккумуляторҳои ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мол воридшаванда аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми барасмиятдарории гумрукии аккумуляторҳо.»;
- ба қисми 2 пас аз калимаҳои «Пардохти дар» калимаҳои «сархатҳои якум ва дуюми» илова карда шаванд.
4. Боби 1612 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«БОБИ 1612. ПАРДОХТ БАРОИ НОБУДСОЗӢ (УТИЛИЗАТСИЯ)-И ИСТГОҲҲОИ БАЗАВИИ АЛОҚАИ МОБИЛӢ
Моддаи 6333. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ
1. Пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и истгоҳҳои базавии алоқаи мобилии (минбаъд - пардохт)-и зерин ситонида мешавад:
- истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ, ки мавриди истифодабарӣ қарор доранд;
- истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ, ки бояд насб карда шаванд.
2. Пардохти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда аз ҳар истгоҳи базавии алоқаи мобилӣ як маротиба ситонида мешавад.
Моддаи 6334. Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохт шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки иҷозатнома барои анҷом додани фаъолият оид ба хизматрасониҳои алоқаи мобилии истифодаи умумро доранд.
Моддаи 6335. Меъёрҳои пардохт
Меъёрҳои пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2217
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №127
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 3 декабри соли 2025, №230
