https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

22 дек 2025, 17:25
2

Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, мод. 546; с. 2011, №3, мод. 177, №12, мод. 855; с. 2013, №3, мод. 195; с. 2015, №11, мод. 960; с. 2016, №3, мод. 143, №11, мод. 881; с. 2017, №1-2, мод. 18; с. 2024, №1-2, мод. 15, мод. 16), тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар матни Кодекс калимаҳои «ӯҳдададориҳои» «ӯҳдадориҳои», «ӮҲДАДОРИҲОИ», «ӮҲДАДОРИҲО», «ӯҳдадорӣ», «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳое», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадории», «ӮҲДАДОРИИ», «Ӯҳдадориҳои», «Ӯҳдадории», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадориро», «ӯҳдадоршуда», «ӯҳдадориҳояшон», «ӯҳдадориҳояшонро», «ӯҳдадориҳояш», «гражданӣ», «граждании», «гражданию», «мӯҳлати», «мӯҳлат», «мӯҳлатҳои», «Мӯҳлати», «мӯҳлате», «принципҳои», «принципи» ва «ғайри қобили» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои» «уҳдадориҳои», «УҲДАДОРИҲОИ», «УҲДАДОРИҲО», «уҳдадорӣ», «уҳдадор», «уҳдадориҳое», «уҳдадориҳо», «уҳдадории», «УҲДАДОРИИ», «Уҳдадориҳои», «Уҳдадории», «уҳдадоранд», «уҳдадориро», «уҳдадоршуда», «уҳдадориҳояшон», «уҳдадориҳояшонро», «уҳдадориҳояш», «маданӣ», «мадании», «маданию», «муҳлати», «муҳлат», «муҳлатҳои», «Муҳлати», «муҳлате», «принсипҳои», «принсипи» ва «ғайриқобили» иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 1:

- дар қисми 1 калимаи «муҳофизати» ба калимаи «ҳимояи» иваз карда шавад;

- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«6. Ҳуқуқи шаҳрвандон дар оила тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила танҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон маҳдуд карда мешавад.».

3. Дар қисми 2 моддаи 11 калимаи «арз» ба калимаи «шикоят» иваз карда шавад.

4. Сархати даҳуми моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- байни шахсоне, ки суд қобилияти амалкунии яке аз онҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд намудааст;».

5. Дар моддаи 63:

- дар қисми 2 калимаҳои «умумии асосӣ» ва «маълумоти умумии асосӣ» мувофиқан ба калимаҳои «умумӣ» ва «таҳсилоти умумӣ» иваз карда шаванд;

- дар қисми 3 калимаҳои «масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба калимаҳои «масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иваз карда шаванд.

6. Дар қисми 1 моддаи 65 калимаи «мавзӯи» ба калимаи «мавзуи» иваз карда шавад.

7. Дар қисми 1 моддаи 79, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 112, қисмҳои 3 ва 6 моддаи 114 калимаҳои «иҷрочии суд» ва «иҷрочии суди» мувофиқан ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» ва «иҷрочии мақомоти иҷрои» иваз карда шаванд.

8. Аз сархати якуми моддаи 93 калимаҳои «ва прекурсорҳо» хориҷ карда шаванд.

9. Дар моддаи 100, сархатҳои панҷум ва шашуми моддаи 127 ва сархати чоруми моддаи 145 калимаҳои «амалашон» ва «амалаш» мувофиқан ба калимаҳои «амалкуниашон» ва «амалкуниаш» иваз карда шаванд.

10. Дар ном ва матни моддаи 106, ном ва қисми 1 моддаи 118 калимаҳои «Индексацияи» ва «индексация» мувофиқан ба калимаҳои «Индексатсияи» ва «индексатсия» иваз карда шаванд.

11. Дар қисми 1 моддаи 139 калимаи «муҳофизат» ба калимаи «ҳифз» иваз карда шавад.

12. Дар ҷумлаи сеюми қисми 1 моддаи 155 калимаҳои «асосии умумӣ» ба калимаи «умумӣ» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2214


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №121


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ф. Идизода

ш. Душанбе, 3 декабри соли 2025, №238