https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22 дек 2025, 17:30
0

Моддаи 1. Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ.1, мод. 270; с. 2021, №1-2, мод.12; с. 2024, №1-2, мод.17) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 16:

- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;

- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«2. Маблағгузории низоми давлатии тандурустӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.».

2. Ба қисми 2 моддаи 18 пас аз калима ва аломати «гардидааст,» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

3. Ба қисми 2 моддаи 22 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Пардохти маблағи аккредитатсия тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.».

4. Дар моддаи 24:

- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3. Тартиби муайян намудани дараҷаи зарари ба саломатӣ расонидашуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.»;

- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад.

5. Ба қисми 4 моддаи 31 пас аз калимаи «иҷрошуда» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

6. Ба қисми 1 моддаи 36 пас аз калимаи «ҳуқуқӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

7. Ба моддаи 67 пас аз калима ва аломати «накардааст,» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

8. Ба қисми 2 моддаи 68 пас аз калима ва аломати «расонидаанд,» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

9. Ба моддаи 70 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- тариқи нақдӣ қабул ва хароҷот намудани маблағи хизмат­расонии тиббӣ;».

10. Ба моддаи 71 сархатҳои даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- қабули маблағҳоро барои хизматрасонӣ аз рӯйи намудҳои фаъолияте, ки барои онҳо иҷозатнома доранд, тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монанд;

- барои ташкили инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати тариқи ғайринақдӣ қабул намудани  маблағи хизматрасониҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд;».

11. Ба сархати якуми моддаи 74 пас аз калимаи «шартнома» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

12. Ба моддаи 105 қисми 14 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«14. Маблағи муоинаҳои тиббии дар моддаи мазкур пешбинишуда тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.».

13. Ба қисми 2 моддаи 126 пас аз калимаи «ҳуқуқӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

14. Ба ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 130 пас аз калимаи «тандурустӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

15. Дар моддаҳои 68 ва 188 калимаи «граждании» ба калимаи «мадании» иваз карда шавад.

16. Сархати бисту дуюми қисми 14 моддаи 220 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- дар бораи истифодаи маблағҳои барои гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ҷудошуда ва идора намудани молу мулки ба хадамот вобасташуда таклифҳо пешниҳод намоянд;».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2212


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №120


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ф. Идизода

ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2025, №216