https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22 дек 2025, 17:35
0

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, № 12, қ. 1, мод. 681; с. 2022, № 1-3, мод. 18, № 12, қ. 2, мод. 774; с. 2023, № 1-3, мод. 8, № 11, мод. 472; с. 2024, № 5-6, мод. 267; с. 2025, № 2, мод. 112, № 3-4, мод. 243, мод. 244, мод. 245, мод. 246, № 5, мод. 506) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 

1. Ба моддаи 251 қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 

«10. Воридот ва таҳвили минбаъдаи таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ (панелҳои офтобӣ бо дарназардошти табдилдиҳандаи ҷараён (инвертор) ва дастгоҳҳои захиракунандаи ҷараён), қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.». 

2. Дар сархати даҳуми қисми 1 моддаи 347 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 

«- масоҳати объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ насб гардидаанд (бо қувваи номиналии 0,1 МВт ва зиёда аз он), ба муҳлати 5 сол аз санаи ба кор андохтани он.». 

3. Ба моддаи 397 қисми 19 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 

«19. Муқаррароти қисми 10 моддаи 251 Кодекси мазкур то 1 январи соли 2031 амал мекунад.». 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2210


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №126


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ф. Идизода

ш. Душанбе, 12 декабри соли 2025, №268