https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22 дек 2025, 17:40
5

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2,  мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155,  №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881;  с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №1-2, мод. 2, мод. 3, №7-9, мод. 586; с. 2018, №1, мод. 4, мод. 5, №5, мод. 266, №7-8, мод. 522; с. 2019, №1, мод. 1, мод. 2, №6, мод. 311; с. 2020, №1, мод. 8, мод. 9, №7-9, мод. 607, мод. 623, №12, мод. 904; с. 2021, №4, мод. 196, №12, қ. 2, мод. 683; с. 2022, №7, мод. 437, мод. 438, №12, қ. 2, мод. 764, мод. 765; с. 2023, №11, мод. 457, мод. 458; с. 2024, №5-6, мод. 251; с. 2025, №3-4, мод. 248, №5, мод. 507), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 232:

- ба қисми 2) бандҳои б) ва в) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«б) бо намоиши оммавӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи Интернет;

в) такроран;»;

- бандҳои б) ва в) мувофиқан бандҳои г) ва д) ҳисобида шаванд;

- қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3) Кирдорҳои дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинигардида, агар боиси расонидани зарар ба миқдори махсусан калон гардида бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.».

2. Дар моддаи 2321:

- ном ва қисми 1) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«Моддаи 2321. Шикор, қасдан нобуд кардан, инчунин ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фурӯхтани бабри барфӣ ё бабри осиёимиёнагӣ

1) Шикор, қасдан нобуд кардан, инчунин ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фурӯхтани бабри барфӣ ё бабри осиёимиёнагӣ,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору дусад то як ҳазору ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешаванд.»;

- қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3) Кирдорҳои дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинигардида, агар такроран содир шуда бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.».

3. Ба эзоҳи моддаи 236 пас аз калимаҳои «сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо» калимаҳои «ва таҳти мафҳуми зарар ба миқдори махсусан калон бештар аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2205


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №103


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 8 октябри соли 2025, №187