ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз 8 июни соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №6, мод. 341) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар банди 6) калимаҳои «раёсатҳо дар вилоятҳо, шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба калимаҳои «раёсатҳои иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо» иваз карда шаванд;
- ба банди 8) пас аз калимаи «қарздор» калимаҳои «ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур аз ситонанда» илова карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 4, моддаи 22, қисми 4 моддаи 24, қисми 1 моддаи 53, моддаи 59, қисми 9 моддаи 60, қисми 5 моддаи 68 ва қисми 3 моддаи 80 калимаҳои «гражданӣ» ва «граждании» мувофиқан ба калимаҳои «маданӣ» ва «мадании» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 13:
- дар банди 5) қисми 1 калимаи «шаш» ба калимаи «се» иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаи «ҳалномаҳо» ба калимаҳои «санадҳои судӣ» иваз карда шавад.
4. Дар банди 1) қисми 2 моддаи 42 калимаҳои «иҷрои вилоятҳо ва шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба калимаҳои «иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо» иваз карда шаванд.
5. Ба банди 1) моддаи 44 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ворид намудани маълумот ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон.».
6. Моддаи 47 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 47. Муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси аризаи ситонанда ва ё бо ташаббуси худ дар хусуси муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби қарздор ба иҷро нарасонидани талаботи ҳуҷҷатҳои иҷрои зерин қарор қабул менамояд:
1) оид ба ситонидани алимент, рӯёнидани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст;
2) оид ба талаботе, ки хусусияти молумулкӣ надорад;
3) талаботи дигар, ки маблағи қарздорӣ аз рӯи ҳуҷҷати иҷро даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва зиёда аз онро ташкил медиҳад.
2. Қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то лаҳзаи бекор кардани он бо асосҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур амал мекунад.
3. Муқаррароти пешбининамудаи қисми 2 моддаи 50 Қонуни мазкур барои бекор намудани қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегардад.
4. Қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба ҳуҷҷати иҷро оид ба ситонидани алимент, ки пардохтҳои давравӣ мебошад, қабул гардидааст, дар сурате бекор карда мешавад, агар қарзи бамиёномада ва пешпардохти маблағ ба муҳлати на камтар аз шаш моҳ пардохт гардида бошад.
5. Иҷрочии мақомоти иҷро, ки қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намудааст, на дертар аз рӯзи дигари пас аз ба миён омадани асосҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 50 Қонуни мазкур ва қисми 4 ҳамин модда дар бораи бекор кардани муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.
6. Мубодилаи маълумот дар бораи татбиқ ва бекор кардани қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон байни иҷрочии мақомоти иҷро ва мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиб ва муҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Барои мубодилаи ин маълумот аз феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва низоми ягонаи байниидоравии электронӣ истифода бурдан мумкин аст.
7. Маълумот дар бораи қарздороне, ки нисбаташон қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, дар сомонаи расмии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.
8. Нусхаи қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бекор намудани он аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи қабули онҳо ба қарздор ва ба дастгоҳи марказии мақомоти иҷро ирсол карда мешавад. Дастгоҳи марказии мақомоти иҷро маълумот дар бораи татбиқ ва бекор кардани қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро фавран на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи дастрас гардидани қарори дахлдор ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба пешбурди махзани маълумот, мубодилаи иттилоот ва назорат дар низоми «Идоракунии раводид ва сарҳад» ирсол менамояд.».
7. Қисми 1 моддаи 48 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон (минбаъд – Феҳрист) аз ҷониби мақомоти иҷро бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирии оқибатҳои номатлуби он, инчунин, таъмини талаботи ҳуҷҷати иҷро анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи қарздор (ба истиснои маълумот дар бораи қарздороне, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, инчунин, қарздороне, ки тибқи ҳуҷҷатҳои иҷро оид ба ситонидани пардохтҳои давравӣ зиёда аз се моҳ қарздор нестанд ва талаботи дигар, ки маблағи қарздорӣ аз рӯи ҳуҷҷати иҷро то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад) ба Феҳрист дар баробари қабули қарори оғози истеҳсолоти иҷро ворид карда мешаванд.».
8. Дар қисми 2 моддаи 50:
- бандҳои 3) ва 4) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«3) тағйир додани санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, агар асосҳои ба феҳрист ворид намудан аз байн рафта бошанд;
4) дар асоси аризаи ситонанда баргардондани ҳуҷҷати иҷро, ба истиснои ҳолатҳое, ки ситониш ба фоидаи давлат анҷом дода мешавад;»;
- банди 3) банди 5) ҳисобида шавад.
9. Ба қисми 1 моддаи 60 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ҳангоми гузоштани ҳабс ба молу мулки қарздор иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул мекунад.».
10. Дар қисми 1 моддаи 63 калимаҳои «ва хароҷоти иҷро» ба калимаҳои «,ситонидани пардохти иҷро ва хароҷот оид ба гузаронидани амали иҷро» иваз карда шаванд.
11. Ба қисми 1 моддаи 68 пас аз калимаҳои «(минбаъд – нигоҳдоранда) дар» калимаҳои «санади барӯйхатгирӣ ва» илова карда шаванд.
12. Дар қисми 1 моддаи 71 калимаҳои «ва бо молу мулки ғайриманқул бошад, на дертар аз сӣ рӯз» ба калимаҳои «то баргузории он» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 72:
- ба ҷумлаи дуюми қисми 3 пас аз калимаи «давлат» калимаи «инчунин» илова карда шавад;
- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5. Дар музоядаи молу мулки манқул иҷрочиёни мақомоти иҷро ва шахсоне, ки дар баррасии парванда бо истеҳсолоти иҷрои мазкур ба сифати судя, прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис иштирок кардаанд, инчунин аъзои оила ва хешовандони наздики онҳо ва шахсе, ки молу мулкаш дар музояда гузошта шудааст, иштирок карда наметавонанд.».
14. Дар моддаи 73:
- дар банди 4) қисми 1 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5) ғолиби музояда ҳуқуқи дар он иштирок карданро надошт.»;
- дар қисми 3 калима ва рақами «банди 4)» ба калимаҳо ва рақамҳои «бандҳои 4) ва 5)» иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 79:
- қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Дар музоядаи молу мулки ғайриманқул иҷрочиёни мақомоти иҷро ва шахсоне, ки дар баррасии парванда бо истеҳсолоти иҷрои мазкур ба сифати судя, прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис иштирок кардаанд, инчунин аъзои оила ва хешовандони наздики онҳо ва шахсе, ки молу мулкаш дар музояда гузошта шудааст, иштирок карда наметавонанд.»;
- ба қисми 8 пас аз калимаи «рӯзи» калимаи «кории» илова карда шавад;
- қисми 10 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 7, 8 ва 9 мувофиқан қисмҳои 8, 9 ва 10 ҳисобида шаванд.
16. Дар моддаи 80:
- дар банди 4) қисми 1 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5) ғолиби музояда ҳуқуқи дар он иштирок карданро надошт.»;
- ба қисми 6 пас аз калимаи «ситонанда» калимаҳои «(ба истиснои маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд)» илова карда шаванд;
- қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«10. Ҳангоми баргузорнашуда эътироф гаштани музоядаи такрорӣ ва бо худ нигоҳ доштани моликият аз ҷониби ситонанда, агар нархи молу мулки ғайриманқул аз ҳаҷми талаботи ҳуҷҷати иҷро зиёд бошад, ситонанда маблағи чунин фарқиятро ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро мегузаронад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2222
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №112
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2025, №222
