https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ»

23 дек 2025, 17:17
0

Моддаи 1. Ба моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2020, № 7-9, мод. 620) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- қисмҳои 4 ва 5 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«4. Номзадҳо ва шахсони ишғолнамудаи мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, довталабон ва ишғолкунандагони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, довталабон ва шахсони мансабдоре, ки ба хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсоне, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, иҷро менамоянд, ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ уҳдадоранд эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкии худро дар муҳлати зерин пешниҳод намоянд:

- маротибаи аввал ҳангоми довталаби мансаби давлатӣ будан ё таъин (интихоб) шудан ба мансаб барои соли ҷорӣ;

- ҳар сол то 1 апрел барои соли гузашта.

5. Шахсони ишғолнамудаи мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомот ё ташкилотҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳод ё розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин (интихоб) карда мешаванд, эъломия оид ба андоз аз даромади худро якҷо бо эъломия оид ба вазъи молумулкӣ пас аз хонапурӣ намудан дар шакли электронӣ ё коғазӣ ба мақомоти андози маҳалли истиқомат пешниҳод карда, шакли коғазии онҳоро бо тасдиқномаи мақомоти андоз дар бораи қабули эъломия оид ба андоз аз даромад ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Раис, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳои худро бо ҳамин тартиб ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Эъломияҳои роҳбарони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба раиси шаҳр ё ноҳияи дахлдор ва дигар эъломиякунандагон ба мақомот ё ташкилотҳои давлатии ҷойи кор бо тартиби дар боло зикргардида пешниҳод карда мешаванд.»;

- қисмҳои 6, 7, 8, 9, 10 ва 11 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«6. Шахсони ишғолнамудаи мансабҳои давлатӣ дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар намояндагиҳои вазорату идораҳо дар хориҷа низ эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкии худро мувофиқи қисми 5 ҳамин модда пешниҳод менамоянд.

7. Эъломия оид ба андоз аз даромад номгӯйи даромадҳои зеринро дар бар мегирад:

- маблағи даромад, маблағи андози вобаста ба даромад дар ҷойи кори асосӣ пардохтшуда, даромад дар ҷойи кори ғайриасосӣ (дар ҳолати дар ду ё зиёда ҷой кор кардан) бо нишон додани ҷой (ҷойҳо)-и кори ғайриасосӣ;

- даромад аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ бо нишон додани намуд (намудҳо)-и фаъолият ва ҷой (ҷойҳо)-и кор;

- даромад аз иҷораи молу мулк;

- даромад аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ;

- даромад аз замини ба иҷора гирифташуда (додашуда); 

- даромад аз пасандозҳои бонкӣ;

- даромад аз ҳисса дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ (аз ҷумла суди саҳмияҳо) ва дигар коғазҳои қиматнок;

- даромадҳо ҳамчун молик-бенефитсиар; 

- дигар даромадҳо бо нишон додани намуди даромадҳо. 

8. Эъломия оид ба вазъи молумулкӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- номгӯйи молу мулк (моликияти хусусӣ), аз ҷумла дар хориҷа (хонаи истиқоматӣ (квартира), хонаи истиқоматӣ (ҳавлӣ), бӯстонсаро, дигар молу мулки ғайриманкул), миқдори масоҳати ишғолнамуда (м2), дигар молу мулки ғайриманқул (гараж, нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ, хизматрасонӣ ва ғайра); 

- номгӯйи қитъаҳои замин (қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қитъаи замин барои хоҷагии ёрирасони шахсӣ, қитъаи замин барои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), дигар қитъаҳои замин), масоҳати қитъаҳои замин (га) аз ҷумла дар хориҷа;

- номгӯйи воситаҳои нақлиёт ва техникаи таъиноташон гуногун, (автомобили сабукрав, автомобили боркаш, мототсикл, техникаи кишоварзӣ, дигар воситаҳои нақлиёт ва техникаҳои таъиноташон гуногун) аз ҷумла дар хориҷа;

- саршумори чорво ва паранда (чорвои калони шохдор, чорвои хурд, асп, паранда ва дигар ҳайвонот);

- саҳмҳо дар ташкилотҳои тиҷоратӣ, коғазҳои қиматнок (вомбарг, вексел, чек, сертификати бонкӣ, ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мувофиқи санадҳои қонунгузорӣ дар бораи коғазҳои қиматнок ё бо тартиби муқаррарнамудаи онҳо ба коғазҳои қиматнок мансуб дониста шудаанд);

- маълумот дар бораи пасандозҳо ва металлу сангҳои қиматбаҳо;

- маълумот дар бораи уҳдадориҳои хусусияти молиявидошта. 

9. Эъломиякунанда дар эъломия оид ба вазъи молумулкӣ маълумот дар бораи молу мулкеро нишон медиҳад, ки арзиши он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муайян карда мешавад.

10. Пешниҳод накардани эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ё пешниҳоди маълумоти бараъло бардурӯғ дар он барои ба мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин (интихоб) накардани довталабон (номзадҳо) асос мегардад.

11. Дар сурати пешниҳод накардани эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва ё пешниҳоди маълумоти бараъло бардурӯғ дар он аз ҷониби шахсони ишғолнамудаи мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ба онҳо муҷозоти интизомӣ то аз мансаб озод намудан (бозхонд кардан) татбиқ карда мешавад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2221  

 

қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №114

 

қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»  қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ф. Идизода

ш. Душанбе, 12 декабри соли 2025, №266