https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»

23 дек 2025, 17:19
0

Моддаи 1. Ба моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 218; с. 2018, №1, мод. 21; с. 2020, №12, мод. 914; с. 2024, №1-2, мод. 19; с. 2025, №1, мод. 14) сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- тасдиқи тартиби баргардонидани кӯдакон аз давлатҳои дигар ва расонидани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба онҳо;».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2230

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №124

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул карда шавад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ф. Идизода

ш. Душанбе, 8 октябри соли 2025, №183