https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

23 дек 2025, 17:20
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз 5 октябри соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 9-10, мод. 546; с. 2023, № 11, мод. 467) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 4бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 41. Забони имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён ба забони давлатӣ сурат гирифта, ҳамчун забони муошират эътироф мегардад. 

2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиш ва тайёр кардани мутахассисони забони имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён ба забони давлатӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён ба забонҳои дигар низ шароит фароҳам оварда мешавад.».

2. Ба қисми 1 моддаи 9 пас аз калимаи «таълимӣ» калимаҳои «, новобаста аз забони таҳсил,» илова карда шаванд.

3. Ба ном ва матни моддаи 11 пас аз калимаҳои «чорабиниҳои» ва «Чорабиниҳои» калимаҳои «илмӣ ва» илова карда шаванд.

4. Моддаи 12бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 121. Забони нишастҳои матбуотӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар ба забони давлатӣ баргузор мешаванд.».

5. Ба моддаи 13 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3. Эълону реклама ва ҳамаи матнҳои иттилоотӣ аз боло ва ё аз тарафи чап ба забони давлатӣ, аз пойин ё аз тарафи рост ба забонҳои дигар бо ҳарфҳои баробар ҷой дода мешаванд.».

6. Дар моддаи 18:

- қисми 2 хориҷ карда шавад;

- қисми 3 қисми 2 ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2. Номгузории ташкилоту корхонаҳои хориҷӣ ва муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ба забонҳои дигар низ бо ҳарфҳои баробар ҳуруфгардон ва ё тарҷума мешавад.».

7. Дар моддаи 20:

- дар ном ва матни модда калимаи «мӯҳру» ба калимаи «муҳру» иваз карда шавад;

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3. Бланкҳо, лавҳаю овезаҳо, нархномаҳо, борчаспҳо, навиштаҷот ва маводи дигари аёнии иттилоотӣ ба забони давлатӣ навишта мешаванд ва дар муносибат бо ташкилотҳои хориҷӣ мумкин аст ба забонҳои дигар ҳуруфгардон ва ё тарҷума шаванд.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2227

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №122

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Ф. Идизода

ш. Душанбе, 3 декабри соли 2025, №240