https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ»

23 дек 2025, 17:21
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 467; с. 2005, №12, мод. 650; с. 2007, №7, мод. 687; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1006; с. 2011, №6, мод.437; с. 2018, №5, мод. 277; с. 2021, №6, мод. 389) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми чоруми моддаи 22 пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

2. Ба қисми чоруми моддаи 25 пас аз калима ва аломати «намудааст,» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

3. Ба матни моддаи 29 пас аз калимаи «стипендия» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2229

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №115

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» қабул карда шавад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Ф. Идизода

ш. Душанбе, 8 октябри соли 2025, №181