https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон

№:12 (5064), 03 фев 2026, 11:35
0

Дуюми феврали соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъу­лият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар хусуси Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии Италия «Cassa Depositi е Prestiti» оид ба лоиҳаи «Сохтмони НБО «Роғун», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Ёвон», «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 22 январи соли 1993» ва «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7 октябри соли 2002» баррасӣ ва барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин, вобаста ба масъалаҳо «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шурои намояндагони Ассамблеяи миллии Баҳрайн», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хурали бузурги давлатии (Парламенти) Муғулистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъсиси Комиссияи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шурои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон», «Дар бораи гузориши роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти натиҷаи вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон» қарорҳои Шурои Маҷлиси намояндагон қабул гардиданд.

Шурои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» қарор қабул кард.

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: