ИШТИРОКИ БАРНО САИДВАЛИЗОДА ДАР ҶАЛАСАҲОИ АБ ИДМ
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия як қатор чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарла-ментии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар онҳо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар мизи мудаввар дар мавзуи «Танзими ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар фазои илмию таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» имконият ва хатарҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҳифзи ҳуқуқи омӯзгорону донишҷӯён, таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, риояи принсипҳои ахлоқи илмӣ ва зарурати таҳияи санадҳои намунавии ҳуқуқӣ дар доираи давлатҳои иштирокдор мавриди бар-расӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф масъалаҳои марбут ба такмили қонунгузории соҳаи маориф, рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ, роҳнамоии касбии кӯдакону ҷавонон, иштироки ҷомеа дар таълиму тарбияи наврасон, таҳияи исти-лоҳоти соҳаи зеҳни сунъӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок муҳокима шуданд.
Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа лоиҳаи Тавсияҳо «Дар бораи иштироки ҷомеа дар таълим ва тарбияи кӯдакон» буд, ки бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Вобаста ба муҳтаво, мақсад ва аҳамияти лоиҳаи тавсияҳо таъкид гардид, ки он ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти ишти-рокдорони раванди таълиму тарбия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимию тарбиявӣ равона гардидааст.
Дар санади мазкур шаклҳои иштироки ҷомеа дар раванди таълиму тарбияи кӯдакон, аз ҷумла фаъолияти кумитаҳои падару модарон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, баргузории чорабиниҳои маърифатию тарбиявӣ, дастгирии оилаҳо ва иштироки ҷомеа дар муҳокимаи масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон пешбинӣ шудаанд.
Барно Саидвализода зимни баррасии лоиҳа ба роҳбарият ва аъзои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастгирии ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва ҷонибдории лоиҳаи тавсияҳои мазкур миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» мавриди амал қарор дорад, ки бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таҳия ва қабул гардида, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст. «Таълиму тарбияи кӯдакон танҳо вазифаи муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон набуда, дар ин раванд иштироки фаъоли оила, падару модар, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти хос дорад»,- гуфт ӯ.
Таъкид гардид, ки таҳияи чунин санад барои густариши ҳамкории давлат, муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа, инчунин, мубодилаи таҷрибаи кишварҳои иштирокдори ИДМ дар масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷаласаи Комиссияи доимӣ, ҳамчунин, таҳияи луғати тафсирии истилоҳоти соҳаи зеҳни сунъӣ, такмили танзими ҳуқуқии фаъолияти ташкилоти базавии илмии ИДМ, ташаккули низоми тахассусҳои кӯтоҳмуддат ва эътирофи малакаҳои касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён вобаста ба натиҷаҳои Бозиҳои бистуми ҷашнии Делфии ҷавонони ИДМ, ки аз 5 то 9 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардиданд, инчунин, натиҷаҳои Олимпиадаи байнал-милалии хонандагони кишварҳои ИДМ аз фанҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷом нақшаи фаъолияти Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирок-дори ИДМ оид ба илм ва маориф барои соли 2027 баррасӣ гардид.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
