https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

18 фев 2026, 16:37
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 июли соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №7-10, мод. 534; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2022, №1888; с. 2023, №4-6, мод. 151; с. 2024, №1-2, мод. 28, №12, мод.744) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 3. Муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо

1. Муҳлати қонунигардонии дороиҳо панҷоҳу чор моҳро дар бар гирифта, аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур оғоз меёбад ва 5 январи соли 2026 ба анҷом мерасад.

2. Муҳлати қонунигардонии маблағҳо шасту шаш моҳро дар бар мегирад ва аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур оғоз меёбад.».

2. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 7 калимаҳои «мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур» ба калимаҳои «анҷом додани қонунигардонӣ» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 5 январи соли 2026 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2233

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Ф. ИДИЗОДА

ш. Душанбе, 4 феврали соли 2026, №331