https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

18 фев 2026, 16:38
0

Моддаи 1. Истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон

Бақияи маблағҳои фонди захиравии тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз натиҷаи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2024 ташаккулёфта ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор гузаронида шавад. 

Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2232

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №151

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон» қабул карда шавад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Ф. ИДИЗОДА

ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №296