https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА»

19 фев 2026, 15:47
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» аз 22 июни соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №4-6, мод. 163; с. 2025, №1, мод. 15) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- бандҳои 10) ва 16) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«10) назорати идоравии метрологӣ - фаъолияте, ки хадамоти метрологии мақомоти давлатӣ ва хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ бо мақсади муайян намудани коршоямии воситаҳои ченак ба талаботи муқарраргардидаи техникӣ амалӣ менамоянд;

16) санҷиши эътимоднокии давлатии воситаҳои ченак - маҷмуи амалиёте, ки мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади муайян ва тасдиқ намудани мутобиқати воситаҳои ченак ба талаботи муқарраргардидаи техникӣ нисбат ба воситаҳои ченаки таҳти назорати давлатии метрологӣ қарордошта анҷом медиҳад;»;

- банди 17) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«17) санҷиши эътимоднокии идоравии воситаҳои ченак - маҷмуи амалиёте, ки хадамоти метрологии мақомоти давлатӣ ва хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ бо мақсади муайян намудани мутобиқати воситаҳои ченак ба талаботи муқарраргардидаи техникӣ нисбат ба воситаҳои ченаке, ки таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор намегиранд, анҷом медиҳад;»;

- бандҳои 17), 18), 19), 20), 21), 22), 23) ва 24) мувофиқан бандҳои 18), 19), 20), 21), 22), 23), 24) ва 25) ҳисобида шаванд.

2. Аз банди 5) моддаи 6, номи боби 4, ном ва матни моддаи 14, ном ва қисми 3 моддаи 15, қисми 3 моддаи 16 ва қисми 2 моддаи 23 калимаҳои «назорати метрологӣ ва» ва «НАЗОРАТИ МЕТРОЛОГӢ ВА» хориҷ карда шаванд.

3. Қисми 1 моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми зарурат бо мақсади таъмини ченаки ягона ва амалисозии назорати идоравии метрологӣ дар сохтори худ хадамоти метрологӣ таъсис медиҳанд.».

4. Аз қисмҳои 1 ва 2 моддаи 15 калимаҳои «метрологӣ ва назорати» хориҷ карда шаванд. 

5. Дар моддаи 16:

- ба номи модда пас аз калимаҳои «Намудҳои назорати» калимаи «идоравии» илова карда шавад;

- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Назорати идоравии метрологӣ амалҳои зеринро дар бар мегирад:

1) ташхиси воситаҳои ченак;

2) санҷиши эътимоднокии идоравӣ ва андозагирии воситаҳои ченаки дар сохтори худ истифодашаванда;

3) санҷиши воситаҳои ченаки вазифаи нишондиҳанда (индикаторӣ) дошта;

4) пешниҳод намудани воситаҳои ченак барои санҷиши эътимоднокии давлатӣ.»;

- дар қисми 2: 

- муқаддима дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2. Назорати давлатии метрологӣ амалҳои зеринро дар бар мегирад:»;

- дар банди 4) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;

- бандҳои 5), 6), 7) ва 8) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«5) ташхиси воситаҳои ченак, воситаҳои санҷиш ва намунаҳои стандартӣ;

6) санҷиши эътимоднокии давлатӣ, андозагирии воситаҳои ченак, аз ҷумла маҳакҳо (эталонҳо);

7) аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак ва усулҳои иҷрои ченкунӣ;

8) аттестатсияи воситаҳои санҷиш.».

6. Қисми 4 моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«4. Тартиби тасдиқи навъ ва аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.».

7. Дар моддаи 18:

- ба номи модда пас аз калимаҳои «Санҷиши эътимоднокии» калимаҳои «давлатӣ ва идоравии» илова карда шаванд;

- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «санҷиши ҳатмии» калимаи «давлатии» илова карда шавад;

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3. Санҷиши эътимоднокии давлатии воситаҳои ченак аз ҷониби хадамоти давлатии метрологӣ ва санҷиши эътимоднокии идоравии воситаҳои ченак аз ҷониби хадамоти метрологии аккредитатсияшудаи мақомоти давлатӣ ё хадамоти метрологии аккредитатсияшудаи шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи усули санҷиши эътимоднокии воситаҳои ченак амалӣ карда мешавад.».

8. Дар қисми 1 моддаи 20 калимаи «аккредитатсияшудаи» ба калимаи «давлатии» иваз карда шавад.

9. Ном ва  қисми 1 моддаи 21  дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 21. Аккредитатсияи хадамоти метрологии мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ

1. Аккредитатсияи хадамоти метрологии мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои гузаронидани назорати идоравии мет­рологӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».

10. Дар моддаи 22:

- аз ном ва матни модда калимаҳои «назорати метрологӣ ва» хориҷ карда шаванд;

- ба банди 9) қисми 1 пас аз калимаҳои «таҳти назорати» калимаи «давлатии» илова карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2243

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №154

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Ф. Идизода

ш. Душанбе, 10 декабри соли 2025, №257