https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ»

19 фев 2026, 15:48
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» аз 15 марти соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, № 1-3, мод. 7; с. 2025, № 2, мод. 118, № 5, мод. 515) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 

1. Моддаи 41 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 

«Моддаи 41. Маблағгузорӣ ҳангоми хариди давлатӣ 

Ҳангоми хариди давлатӣ ҳама гуна маблағгузорӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба иҷрои шартномаи харид ва шартномаҳои дигари марбут ба он дар шакли ғайринақдӣ анҷом дода мешавад.». 

2. Дар қисми 1 моддаи 24:

- банди 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3) ҳисоботи молиявии аудитшудаи иштирокчие, ки мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти дорои манфиати умум эътироф шудааст, дар маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ ҷойгир бошад;»; 

- бандҳои 3), 4), 5) ва 6) мувофиқан бандҳои 4), 5), 6) ва 7) дониста шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2245

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №157

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Ф. Идизода

ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №298