https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ШАҲРСОЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19 фев 2026, 15:49
0

Моддаи 1. Ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 28 декабри соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №12, қ.1, мод. 998; с. 2016, №7, мод. 626; с. 2019, №1, мод. 24, мод. 25; с. 2020, №1, мод. 23) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба сархати сенздаҳуми қисми 1 моддаи 9 пас аз калимаи «худ» калимаҳои «, ки тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад,» илова карда шаванд.

2. Дар моддаи 14:

- ба сархати сеюм пас аз калимаи «онҳоро» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;

- аз сархати ёздаҳум калимаҳои «маблағгузорӣ ва» хориҷ гардида, пас аз калимаи «таъмин» калимаҳои «намуда, маблағгузории онҳоро тариқи ғайринақдӣ амалӣ» илова карда шаванд.

3. Ба сархати сеюми қисми 1 моддаи 15 пас аз калимаи «онҳоро» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

4. Моддаи 83бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 831. Тартиби пардохти ҷуброни зарар, ки дар шакли пулӣ муайян карда мешавад

Ҷуброни зарар, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шуда, дар шакли пулӣ муайян карда мешавад, тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.».

5. Дар моддаи 84:

- ба қисми 1 пас аз калимаи «накардааст,» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;

- ба қисми 2 пас аз калимаи «зерин» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2241

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, № 152

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Ф. Идизода

ш. Душанбе, 10 декабри соли 2025, №255