ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2020, № 4-5, мод. 234; с. 2023, № 11, мод. 474), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- дар сархати чорум калимаҳои «воситаи нақлиёт» ба калимаҳои «воситаҳои нақлиёти автомобилӣ» иваз карда шаванд;
- ба сархати нуздаҳум пас аз калимаҳои «амалҳои бақайдгирӣ» калимаҳои «, аз ҷумла дар шакли электронӣ» илова карда шаванд;
- ба сархати бисту чорум пас аз калимаҳои «бо тартиби муқарраргардида» калимаҳои «, аз ҷумла дар шакли электронӣ» илова карда шаванд;
- дар сархати бисту панҷум пас аз калимаҳои «рухсатномаи якдафъаина» калимаҳои «, аз ҷумла дар шакли электронӣ» илова карда шуда, калимаҳои «барои гузариши» ва «аз роҳҳои» мувофиқан ба калимаҳои «барои ҳаракати» ва «дар роҳҳои» иваз карда шаванд;
- ба сархати бисту шашум пас аз калимаҳои «мақоми ваколатдор» калимаҳои «, аз ҷумла дар шакли электронӣ» илова карда шаванд;
- ба сархати бисту нуҳум пас аз калимаҳои «тибқи дархост» калимаҳои «, аз ҷумла дар шакли электронӣ» илова карда шаванд;
- ба сархати сиву сеюм пас аз калимаҳои «молию нақлиётӣ,» калимаҳои «аз ҷумла дар шакли электронӣ» илова карда шаванд.
2. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 7 калимаҳои «воситаҳои нақлиёт» ба калимаҳои «воситаҳои нақлиёти автомобилӣ» иваз карда шаванд.
3. Ба сархати якуми қисми 3 моддаи 8 пас аз калимаҳои «асоси огоҳсозӣ» калимаҳои «, аз ҷумла тариқи электронӣ» илова карда шаванд.
4. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 9, қисми 1 моддаи 35, қисми 1 моддаи 45 ва қисми 2 моддаи 57 калимаҳои «гражданӣ» ва «граждании» ба калимаҳои «маданӣ» ва «мадании» иваз карда шаванд.
5. Ба қисми 4 моддаи 12 пас аз калимаи «огоҳиномаро» калимаҳои «, аз ҷумла дар шакли электронӣ» илова карда шаванд.
6. Сархати ҳафтуми моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҷорӣ намудани навовариҳо, рушди технология ва усулҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ, дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ;».
7. Ба моддаи 19 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалисозии тадбирҳо вобаста ба рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ;».
8. Ба қисми 1 моддаи 21 пас аз калимаҳои «усулҳои хоҷагидорӣ,» калимаҳои «рақамикунонӣ ва» илова карда шаванд.
9. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 50, сархати якуми қисми 1 моддаи 51 ва сархати якуми қисми 1 моддаи 63 калимаҳои «оғози ҳаракат» ба калимаҳои «нуқтаи оғози ҳаракат» иваз карда шаванд.
10. Ба қисми 4 моддаи 89 пас аз калимаи «шаҳодатнома» калимаҳои «ё шаҳодатномаи электронӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2242
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №153
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 22 декабри соли 2025, №275
