ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели 2020 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2020, №4-5, мод. 233), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 4 моддаи 10 пас аз калимаи «доранд,» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
2. Ба қисми 6 моддаи 33 пас аз калимаҳои «захираҳои об» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 45:
- ба қисми 3 пас аз калимаи «гардонида» калимаҳои «шуда, тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда» илова карда шаванд;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Маблағ барои истифодаи объектҳои об ва захираҳои об тариқи ғайринақдӣ ситонида шуда, тартибу шартҳои муқаррар намудани онро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.».
4. Ба сархати шашуми моддаи 56 пас аз калимаи «вақт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
5. Ба моддаи 93 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Маблағи ҷуброни зараре, ки ба объектҳои об расонида шудааст, тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2240
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №146
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 10 декабри соли 2025, № 253
