ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004, №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод. 190, №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552, №12, қ. 1, мод. 810; с. 2011, №6, мод. 443; с. 2012, №4, мод. 255, №7, мод. 716, №12, қ. 1, мод. 1018; с. 2013, №7, мод. 507, №12, мод. 880; с. 2015, №11, мод. 951, мод. 952; с. 2016, №3, мод. 129, №5, мод. 358, №11, мод. 876; с. 2017, №7-9, мод. 567; с. 2022, №1-3, мод. 5; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025, №2207), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 4 моддаи 30, банди б) қисми 1 моддаи 106, қисми 2 моддаи 111, қисми 2 моддаи 199, қисми 4 моддаи 200, банди ж) қисми 2 моддаи 215 калимаҳои «граждании», «гражданӣ» ва «гражданию» мувофиқан ба калимаҳои «мадании», «маданӣ» ва «маданию» иваз карда шаванд.
2. Ба қисми 2 моддаи 31 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Агар ҳукм берун аз ҳудуди фаъолияти суде, ки ҳукмро баровардааст, иҷро карда шавад, иҷрочии мақомоти иҷро аз рӯи масъалаҳои вобаста ба иҷрои ҳукм ба суди ҳамном пешниҳод ирсол менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2236
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №139
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №312
