https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19 фев 2026, 15:54
0

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1,   мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1,   мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, №1-2, мод. 3, мод. 4, №5-6, мод. 252,  мод. 253, №7-11, мод. 518, мод. 519; с. 2025, №1, мод. 4, №3-4, мод. 249, №5, мод. 508; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025, №2208, №2209), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 1 моддаи 11 пас аз калимаи «воқеӣ» аломат ва калимаи «, мансабдор» илова карда шаванд.

2. Дар қисми 3 моддаи 30 калимаҳои «анъана ва» хориҷ карда шуда, калимаҳои «ба тариқи» ва «ба тарзи» ба калимаҳои «дар намуди» иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 33:

- аз сархати чордаҳуми қисми 2 калимаҳои «анъана ва» хориҷ карда шаванд;

- дар қисми 3 калимаи «давомнок» ба калимаи «давомдор» иваз карда шавад.

4. Дар қисми 2 моддаи 39 калимаи «давомнок» ба калимаи «давомдор» иваз карда шавад.

5. Дар сархати дуюми қисми 3 моддаи 45 ва қисмҳои 1, 2 ва 3   моддаи 54 калимаи «гражданӣ» ба калимаи «маданӣ» иваз карда шавад.

6. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 50 калимаҳои «маводи нашъаовар,» ба калимаҳои «воситаҳои нашъадор, моддаҳои» иваз карда шаванд.

7. Дар қисми 1 моддаи 475 калимаи «бармеоянд» ба калимаи «мебароянд» иваз карда шавад.

8. Диспозитсияи қисми 1 моддаи 649 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Барои майдадуздии молу мулки давлатӣ ё дастаҷамъӣ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, -».

9. Моддаи 6611 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 6611. Тасарруфи молу мулки давлатӣ ё дастаҷамъӣ

Барои тасарруфи молу мулки давлатӣ ё дастаҷамъӣ бо роҳи суиистифода аз мансаби хизматӣ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, -

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2238

 


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №141

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ф. ИДИЗОДА 

ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №310