https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19 фев 2026, 15:55
0

Моддаи 1. Ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, с. 2022, №1-3, мод. 2; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025, №2187) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба банди 10) қисми 1 моддаи 5 пеш аз калимаи «пардохти» калимаи «тартиби» илова карда шавад;

2. Ба қисми 3 моддаи 19 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Маблағгузории сохтмони хонаи истиқоматӣ ё бинои бисёрхонагӣ аз ҳисоби иштироки ҳиссагии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад.».

3. Ба моддаи 22 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «ба тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

4. Ба банди 4) қисми 3 моддаи 23 пас аз калимаи «вақт» калимаҳои «ба тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

5. Ба банди 3) қисми 3 моддаи 42 пас аз калимаи «пардохт» калимаҳои «ба тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

6. Ба банди 4) қисми 2 моддаи 63 пас аз калимаи «вақт» калимаҳои «ба тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

7. Ба қисми 2 моддаи 95 пас аз калимаи «махсусгардонидашуда» калимаҳои «, инчунин ба тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани маблағи шартнома» илова карда шаванд.

8. Ба моддаи 104 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«4. Пардохти маблағи саҳми узви кооперативи манзил ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.».

9. Ба моддаи 120 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«4. Пардохти маблағи иҷораи манзили истиқоматӣ ва маблағи хизматрасониҳои коммуналии дар моддаи мазкур пешбинишуда ба тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад.». 

10. Ба қисми 1 моддаи 131 пас аз калимаи «мазкурро» калимаҳои «ба тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.

11.  Ба моддаи 132 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 

«4. Пардохтҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда ба тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.».

12. Ба  қисми 2 моддаи 133 пас аз калимаи «басташуда» калимаҳои «ба тариқи ғайрнақдӣ» илова карда шаванд.

13. Дар қисми 3 моддаи 135 калимаҳои «дар асоси ҳуҷҷатҳои пардохт» ба калимаҳои «ба тариқи ғайринақдӣ» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2235

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №138

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба Кодекси манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Ф. ИДИЗОДА 

ш. Душанбе, 10 декабри соли 2025, №251