https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19 фев 2026, 15:56
0

Моддаи 1. Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли  соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 604; с. 2022, №7, мод. 439; с. 2024, №5-6, мод. 255) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 7. Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ

1. Ҳамаи шаҳрвандон дар амалишавӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ имконияти баробар дошта, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла таъқиби ҷинсӣ ва таъқиб дар ҷойи кор манъ аст.

2. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ дар асосҳои воқеӣ ва (ё) эҳтимолӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ё гурӯҳи шахсон, хешовандони онҳо ё шахсони бо онҳо ба тариқи дигар алоқаманд ба вуҷуд омада, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, шубҳа ё мавҷудияти бемории пайдошудаи норасоии масуният/вируси норасоии масунияти одам, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкӣ, уҳдадориҳои оилавӣ ё ҳолатҳои дигари ба сифатҳои касбии корманд дахлнадошта асос меёбад ва мақсад ё оқибати он бад кардан, нобуд сохтан ва (ё) кам нишон додани ҳуқуқу озодиҳои эътирофшуда, истифода ё амалӣ намудани тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси баробарӣ мебошад, манъ аст.

3. Фарқият, истисно, афзалият ва маҳдудиятҳои бо қонунгузорӣ пешбинишуда дар муносибатҳои меҳнатӣ вобаста ба талаботи махсуси намуди муайяни кор ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба шахсоне, ки муҳтоҷи ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд (аз рӯйи ҷинс, синну сол, норасоиҳои ҷисмонӣ, уҳдадориҳои оилавӣ, дараҷаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ), табъиз ҳисоб намеёбад.

4. Шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ худро табъизшуда меҳисобанд, метавонанд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» вобаста ба муқаррар намудани ҳолати поймолкунии ҳуқуқи шахс ба муносибати баробар, ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ, инчунин бо талаботи дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд ё мақомоти ваколатдори дигар муроҷиат намоянд.».

2. Ба қисми 2 моддаи 19 сархатҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- роҳ надодан ба вайрон кардани талаботи Кодекси мазкур дар бораи манъи табъиз дар соҳаи меҳнат;

- таъмини имкониятҳои баробар ва муносибати баробар бидуни табъиз ҳангоми ба кор қабул кардан ва муносибатҳои меҳнатии дигар;

- андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии табъиз, аз ҷумла таъқиби ҷинсӣ ва таъқиб дар ҷойи кор;».

3. Ба қисми 1 моддаи 56 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- бо вайрон кардани талабот оид ба манъи табъиз дар соҳаи меҳнат;».

4. Ҷумлаи якуми қисми 2 моддаи 140 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Ҳангоми муқаррар кардани андоза ва пардохти музди меҳнат табъиз манъ буда, зимни татбиқи низоми тахассусии меҳнат нисбат ба мардон ва занон бояд малакаҳои якхела истифода гарданд ва ҳама гуна табъиз, аз ҷумла аз рӯйи аломати ҷинс истисно карда шавад.».

5. Ба қисми 1 моддаи 206 пас аз калимаҳои «аз кор дур кардан» калимаҳои «, аз ҷумла бо вайрон кардани муқаррароти моддаи 7 Кодекси мазкур» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2234

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №137

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ф. ИДИЗОДА 

ш. Душанбе, 10 декабри соли 2025, №248