ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҶАМЪОВАРИИ ПОРАВУ ПАРТОВҲОИ МЕТАЛЛҲОИ СИЁҲ ВА РАНГА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 34; с. 2005, №12, мод. 652) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеиро оиди» ва «соҳаи ҷамъоварии оҳанпора» мувофиқан ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба» ва «ин соҳа» иваз карда шаванд.
2. Ба қисми якуми моддаи 1 пас аз калимаҳои «манбаи ашёи» калимаи «хоми» илова карда шавад.
3. Дар моддаи 2:
- дар сархати якум калимаҳои «ғилзат (консентратҳо)» ба калимаи «консентратҳо» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаи «ғилзати» ба калимаи «консентрати» иваз карда шавад;
- дар сархатҳои нуҳум, дувоздаҳум, сездаҳум ва чордаҳум калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «ҳуқуқӣ ё воқеии», «ҳуқуқӣ ва воқеие» ва «ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ» мувофиқан ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «воқеӣ ё ҳуқуқии», «воқеӣ ва ҳуқуқие» ва «воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои даҳум, дувоздаҳум ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «партовгардонӣ» ва «партовгардонии» мувофиқан ба калимаҳои «нобудсозӣ» ва «нобудсозии» иваз карда шаванд;
- дар сархати чордаҳум ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «баённомаи», «баённома», «Баённомаи» ва «салоҳиятдори ҳокимияти иҷроия» мувофиқан ба калимаҳои «эъломияи», «эъломия», «Эъломияи» ва «ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати понздаҳум калимаҳои «захира намудани» ва «мустаъмали» мувофиқан ба калимаҳои «тайёр кардани» ва «хоми дуюмдараҷаи» иваз карда шаванд.
4. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
5. Дар сархати дуюми моддаи 4 калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 5:
- дар ном ва муқаддима калимаҳои «Ваколатҳои» ва «Ваколатҳои асосии» ба калимаҳои «Салоҳияти» ва «Салоҳияти» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «давлатии ҳокимияти маҳаллӣ» ва «салоҳияти» мувофиқан ба калимаҳои «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва «ваколатҳои» иваз карда шаванд;
- дар сархати нуҳум калимаҳои «дуздии», «таракаи қисмҳои» ва «энергиядеҳ ва» мувофиқан ба калимаҳои «тасарруфи», «несту нобуд кардани» ва «энергетикӣ ва инфрасохтори» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми якум ва дуюми моддаи 6 калимаҳои «ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 7:
- дар қисмҳои якум, чорум ва панҷум калимаҳои «ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
- қисми дуюм хориҷ карда шавад;
- дар қисми чорум калимаҳои «ҳокимияти маҳаллӣ» ва «мадад» мувофиқан ба калимаҳои «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва «мусоидат» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 8:
- бандҳо бо рақамҳои арабӣ ва аломати «)» ишора карда шаванд;
- дар сархати сеюми банди дуюм калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеие» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқие» иваз карда шаванд.
10. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 9. Иҷозатдиҳии фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга
Иҷозатдиҳии фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».
11. Дар моддаи 10:
- дар муқаддима ва сархати дуюми қисми якум калимаи «захира» ба калимаи «тайёр» иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
12. Дар қисмҳои якум, дуюм ва сеюми моддаи 11 калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
13. Дар қисми якуми моддаи 14:
- дар муқаддима калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеие» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқие» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои «лоиҳавӣ ва иҷозатнома» ба калимаи «иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «лоиҳавии» ва «мақомоти махсуси ваколатдори давлатии» ба калимаҳои «иҷозатдиҳии» ва «мақоми ваколатдори давлатӣ дар» иваз карда шаванд.
14. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
15. Дар матни моддаи 16 калимаи «мешавад» ба калимаи «шавад» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2250
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №150
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №316
