https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ»

20 фев 2026, 14:05
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 530; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 287) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати сездаҳуми моддаи 1 калимаҳои «ҷамъкунии партовҳои радиоактивӣ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва (ё) гӯронидани онҳоро» ба калимаҳои «фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивиро» иваз карда шаванд.

2. Дар қисми 1 моддаи 10 калимаи «иҷозатнома» ба калимаҳои «ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта» иваз карда шавад.

3. Дар моддаи 20 калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2251

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №149

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Ф. Идизода

ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №308