https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО»

20 фев 2026, 14:06
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металл­ҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» аз 12 майи соли 2001 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №4, мод. 194; с. 2006, №4, мод. 199;  с. 2007, №7, мод. 673; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 999; с. 2009, №9-10, мод. 545; с. 2011, №6, мод. 454, с. 2013, №12, мод. 893; с. 2014, №11, мод. 665) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, коркард, истифода ва муомилоти онҳоро муайян менамояд.».

2. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «гражданӣ», «қаламрави», «ӯҳдадории», «ӯҳдадорӣ», «ӯҳдадоранд», «Ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадориҳои», «мӯҳлати», «мӯҳлатҳои» ва «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» мувофиқан ба калимаҳои «маданӣ», «ҳудуди», «уҳдадории», «уҳдадорӣ», «уҳдадоранд», «Уҳдадориҳо», «уҳдадориҳои», «муҳлати», «муҳлатҳои» ва «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.

3. Аз муқаддимаи қисми якуми моддаи 1 калимаи «асосҳои» хориҷ карда шуда, дар сархати дуюми қисми мазкур калимаи «шахсҳои» ба калимаи «шахсони» иваз карда шавад.

4. Аз қисми 2 моддаи 3 ва банди 8) моддаи 11 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.

5. Дар қисми 4 моддаи 4 калимаи «литсензияи» ба калимаи «иҷозатномаи» иваз карда шавад.

6. Дар қисми 1 моддаи 7 калимаҳо ва рақами «банди 3-юми» ба калима ва рақами «қисми 3» иваз карда шаванд.

7. Дар қисми 2 моддаи 8 калимаи «хоки» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.

8. Дар қисми 3 моддаи 9 рақам ва калимаи «22-юми» ба рақами «22» иваз карда шаванд.

9. Дар номи моддаи 11 калимаи «Ваколатҳои» ба калимаи «Салоҳияти» иваз карда шавад.

10. Дар моддаи 19:

- дар қисми 5 калимаи «банди» ба калимаи «қисми» иваз карда шавад;

- дар қисми 7 калимаҳои «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба калимаҳои «Дар бораи муқовимат ба  қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.

11. Дар қисми 5 моддаи 20 калимаҳо ва рақамҳои «бандҳои 1 ва 2-юми» ва «ҳақ» мувофиқан ба калимаҳо ва рақамҳои «қисмҳои 1 ва 2» ва «ҳуқуқ» иваз карда шаванд.

12. Дар банди 2) қисми 2 моддаи 25 калимаи «банди» ба калимаи «қисми» иваз карда шавад.

13. Аз моддаи 27 ва қисми 2 моддаи 271 калимаҳои «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд.

14. Моддаи 31 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2249


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №158

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Ф. Идизода

ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №318