ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУОМИЛОТИ МАВОДИ ТАРКАНДАИ ТАЪИНОТИ ГРАЖДАНӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 33; с. 2005, №12, мод. 649) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шуда, калимаҳои «ки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «ки Тоҷикистон онҳоро» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 4:
- дар ном ва муқаддима калимаи «Ваколатҳои» ба калимаи «Салоҳияти» иваз карда шавад;
- аз сархати панҷум калимаи «инчунин» хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 5:
- дар ном калимаи «ваколатдор» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» иваз карда шавад;
- муқаддима дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилоти маводи тарканда (минбаъд-мақоми ваколатдор) дорои ваколатҳои зерин мебошад:»;
- дар сархати дуюм калимаи «оиди» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шавад.
4. Моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 8. Иҷозатдиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи муомилоти маводи тарканда
Иҷозатдиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи муомилоти маводи тарканда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».
5. Дар моддаи 11:
- дар сархати якуми қисми якум калимаи «аксуламали» ба калимаи «зиднишондоди» иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаҳои «идоракунии давлатии ваколатдоршуда» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми чоруми моддаи 15, қисми якуми моддаи 19 ва сархати якуми қисми якуми моддаи 23 калимаҳои «иҷозатдиҳандаи» ва «иҷозатдиҳанда» мувофиқан ба калимаҳои «иҷозатдиҳии» ва «иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар матни моддаи 25 калимаҳои «Баҳсҳое, ки дар натиҷаи истифодаи Қонуни мазкур ба вуҷуд меоянд,» ба калимаҳои «Баҳсҳо дар соҳаи муомилоти маводи тарканда» иваз карда шаванд.
8. Дар ном ва матни моддаи 26 калимаҳои «вайрон кардани» ва «вайрон намудани» ба калимаҳои «риоя накардани талаботи» ва «риоя накардани талаботи» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2248
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №156
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 22 декабри соли 2025, №283
