ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 5, мод. 362; с. 2009, № 9-10, мод. 551; с. 2011, № 3, мод. 162, № 6, мод. 451; с. 2016, № 11, мод. 892; с. 2024, № 5-6, мод. 280) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1. Дар моддаи 6:
- дар сархати ҳаштум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ҳамчун унсури ҳифзнашаванда.».
2. Дар қисми 1 моддаи 8:
- дар сархати ёздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ҳамчун унсури ҳифзнашаванда.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2246
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №159
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №300
