https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО»

23 фев 2026, 16:30
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» аз 10 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1999, №12, мод. 312; с. 2002, №4, қ.1, мод. 266; с. 2006, №4, мод. 192; с. 2007, №7,  мод. 661; с. 2013, №7, мод. 516; с. 2019, №6, мод. 319; с. 2021, №4, мод. 198; с. 2025, №6-10, мод. 633) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 6: 

дар ном ва муқаддимаи қисми якум калимаҳои «Салоҳияти» ва «салоҳиятҳои» ба калимаҳои «Ваколати» ва «ваколатҳои» иваз карда шаванд; 

- сархати якуми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият оид ба муомилоти қонунии прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ иҷозатнома ва барои воридоту содироти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ шаҳодатнома медиҳад;»;  

- дар сархати сездаҳуми қисми якум калимаи «яроқи» ба калимаи «силоҳи» иваз карда шавад; 

- дар қисми дуюм калимаи «салоҳиятҳои» ба калимаи «ваколатҳои» иваз карда шавад. 

2. Дар моддаи 7:

- дар сархати якуми қисми сеюм калимаҳои «халал мерасонанд» ба калимаҳои «монеъ мешаванд» иваз карда шаванд;

- қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Ҳамчунин нисбати кормандони Агентӣ амали меъёрҳои моддаҳои  13-16, моддаи 19 ва моддаҳои 21-34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» татбиқ мегарданд.».

3. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаи «литсензия» ба калимаи «иҷозатнома» иваз карда шавад. 

4. Дар моддаи 10:

- дар қисми якум калимаи «литсензия» ба калимаи «иҷозатнома» иваз карда шавад;  

- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Воридот ва содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар асоси ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта амалӣ карда мешаванд.»;

- дар қисми сеюм калимаҳои «литсензия ва иҷозатнома» ба калимаҳои «ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта» иваз карда шаванд.  

5. Дар номи боби IV, ном ва қисми якуми моддаи 13 калимаҳои «МУХОЛИФАТ БА» ва «Мухолифат ба» мувофиқан ба калимаҳои «МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ» ва «Мубориза бар зидди» иваз карда шаванд.

6. Дар сархати бистудуюми моддаи 2, қисмҳои сеюм ва панҷуми    моддаи 9, қисми якуми моддаи 11, қисми дуюми моддаи 13, қисми дуюми моддаи 15, қисмҳои якум ва чоруми моддаи 16, қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 17, сархати якуми моддаи 18 калимаҳои «вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати тандурустӣ» ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд. 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2254

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №145

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Ф. ИДИЗОДА

ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №314