https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПАРТОВҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА ИСТЕЪМОЛӢ»

23 фев 2026, 16:30
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» аз 10 майи соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 287; с. 2005, № 7, мод. 409; с. 2011, № 6, мод. 447) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддима ва минбаъд дар тамоми матни қонун калимаҳои «муҳити атроф» ва «муҳити атрофро» мувофиқан ба калимаҳои «муҳити зист» ва «муҳити зистро» иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 1:

- дар сархати дуюм калимаҳои «истеъмолӣ» ва «истеъмолкунӣ» мувофиқан ба калимаҳои «истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» ва «истифодабарӣ» иваз карда шуда, пас аз калимаи «хусусиятҳои» калимаҳои «истеҳсолӣ ё» илова карда шаванд;

- дар сархати чорум калимаи «рӯзгор» ба калимаҳои «сахти маишӣ» иваз карда шавад;

- сархати ҳафтум хориҷ карда шавад;

- дар сархати понздаҳум калимаҳои «машқгоҳҳо» ва «анборҳои махсус» мувофиқан ба калимаҳои «майдонҳо» ва «ҷойҳои нигоҳдории таҳшинҳои истеҳсолӣ» иваз карда шаванд;

- дар сархати шонздаҳум калимаи «сарҳадгузаронӣ» ба калимаҳои «сарҳад гузарондан» иваз карда шаванд;

- дар сархати бистум калимаи «захираҳои» ба калимаҳои «ашёи хоми» иваз карда шавад.

3. Аз матни моддаи 2 калимаи  «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.

4. Дар сархати нуҳуми моддаи 4 калимаҳои «озодона дастрас будани» ба калимаҳои «дастрасии озод ба» иваз карда шаванд.

5. Ба қисми 2 моддаи 4пас аз калимаҳои «партовҳои бесоҳиб,» калимаҳои «безарар гардонидан, бартараф кардан ва» илова карда шаванд.

6. Дар номи боби 2 калимаҳои «ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ» ба калимаи «ИДОРАКУНИИ» иваз карда шаванд.

7. Аз сархати якуми моддаи 5 калимаи «ташкилу» хориҷ карда шавад.

8. Ба сархати якуми моддаи 5пеш аз калимаи «назорати» калимаҳои «амалисозии сиёсати давлатӣ ва» илова карда шаванд.

9. Дар моддаи 6:

- дар сархати шашум калимаҳои «дахлдори манфиатдор» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо» иваз карда шаванд;

- дар сархати ёздаҳум калимаи «хатарнокии» ба калимаҳои «хатарнокӣ ва бартараф кардани» иваз карда шавад.

10. Дар моддаи 8:

- аз ном калимаи «(литсензия)» хориҷ карда шавад;

- аз матн калимаи «(литсензия)» хориҷ гардида, калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.

11. Дар моддаи 9:

- ном дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 9. Талабот оид ба партовҳои дар раванди истеҳсолот ҳосилшуда»;

- дар муқаддимаи қисми 1 калимаҳои «рафти истифодабарии истеҳсолоти фаъолияткунанда» ба калимаҳои «раванди истеҳсолот» иваз карда шаванд.

12. Дар моддаи 10:

- дар қисми 1 калимаҳои «ваколатдор» ва «ҳокимияти маҳаллӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» ва «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шуда, пеш аз калимаи «санитарию» калимаҳои «назорати давлатии» илова карда шаванд; 

- дар қисми 2 калимаҳои «харобии конҳо» ба калимаҳои «харобшавии конҳо, сойҳо ва мавзеъҳои селгузар» иваз карда шаванд.

13. Дар моддаи 11:

- дар ном калимаҳои «истеъмолӣ ва рӯзғор» ба калимаҳои «сахти маишӣ» иваз карда шаванд;

- дар қисми 1 калимаҳои «сахту моеъи истемолӣ» ба калимаҳои «сахти маишӣ» иваз карда шаванд;

- ба қисми 2 пас аз калимаи «Ташкили» калимаи «низоми» илова гардида, калимаҳои «истеъмолӣ» ва «ҳокимияти маҳаллӣ» мувофиқан ба калимаҳои «сахти маишӣ» ва «маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3. Қоидаҳои нигоҳдории ҳолати санитарию экологии ҳудудҳои маҳалли аҳолинишин ва назорати риояи меъёрҳои онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳити зист тасдиқ ва амалӣ карда мешаванд.».

14. Дар моддаи 12:

- дар қисми 3 калимаҳои «ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, назорати санитарию эпидемиологӣ, кӯҳӣ ва техникӣ дар доираи салоҳияташон» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар доираи ваколатҳояшон» иваз карда шаванд;

- дар қисми 4 калимаи «шудаанд» ба калимаи «шудааст» иваз карда шавад;

- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«6. Қоидаҳои муомилот бо партовҳои хатарнокро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муқаррар менамояд.».

15. Дар моддаи 14:

- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Воридоти тамоми намудҳои партовҳои хатарнок ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои гӯрондан ва безарар гардондан манъ аст.»;

- дар қисми 2 калимаи «ваколатдор» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» иваз карда шуда, аломат ва калимаҳои «, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ» хориҷ карда шаванд;

- дар қисми 4 калимаҳои «ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, ки мутасаддии назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, экологи, санитари ва карантинӣ мебошанд,» ба калимаҳои «давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати гумрукӣ ва сарҳадӣ» иваз карда шаванд.

16. Дар моддаи 15:

- дар қисми 1 калимаҳои «ваколатдор» ва «ҳокимияти иҷроия дар маҳал» мувофиқан ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» ва «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;

- сархати ҳаштуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- назорати раванди дар истеҳсолот ҷорӣ кардани технологияи муосири кам кардани ҳаҷм ва дараҷаи хатарнокии партовҳо, истифодаи такрории партовҳо дар гардиши истеҳсолӣ ба сифати ашёи хом;». 

17. Дар қисми 2 моддаи 18 калимаҳои «ҳокимияти иҷроия, ки вазифаҳои ҳифзи табиат, назорати санитарию эпидемиологӣ, кӯҳӣ ва техникиро ба ҷо меоранд, дар доираи салоҳияташон» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар доираи ваколатҳояшон» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2252

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №148

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Ф. ИДИЗОДА

ш. Душанбе, 22 декабри соли 2025, № 279