https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ»

23 фев 2026, 16:31
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» аз 19 июли соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, № 7, мод. 433; с. 2025, № 2, мод. 117) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддимаи Қонун калимаи «менамояд» ба калимаҳои «намуда, ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон равона гардидааст» иваз карда шавад.

2. Дар қисми 2 моддаи 3 калимаи «онро» ба калимаи «онҳоро» иваз карда шавад. 

3. Дар қисми 3 моддаи 5: 

- ба банди 2) пас аз калимаи «санитарӣ» калимаҳои «, фитосанитарию карантинӣ» илова карда шаванд;

- ба банди 3) пас аз калимаи «фавқулода» калимаҳои «, андешидани чораҳои зиддиэпизоотӣ» илова карда шаванд;

- банди 4) бо мазмуни зерин илова карда шавад: 

«4) додани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;

- банди 4) банди 5) ҳисобида шавад.

4. Ба банди 3) моддаи 7 пас аз калимаи «ниҳолҳо,» калимаҳои «зотҳои сермаҳсули» илова карда шаванд.

5. Дар банди 1) қисми 2 моддаи 9 калимаи «граждании» ба калимаи «мадании» иваз карда шавад.

6. Ба банди 5) моддаи 10 пас аз калимаи «намоянд» калимаҳои «, ба вайроншавии қабати ҳосилхези замин, пайдо ва паҳншавии касалиҳои карантинӣ роҳ надиҳанд» илова карда шаванд.

7. Дар қисми 3 моддаи 11 калимаҳои «ва интиқоли» ба калимаҳои    «, интиқол ва фурӯши» иваз карда шаванд. 

8. Ба қисми 3 моддаи 13 пас аз калимаи «барои» калимаҳои «пешбурди ҳисоботи оморӣ,» илова карда шаванд. 

9. Дар номи моддаи 16 калимаҳои «ҳангоми пешбурди» ба калимаи «дар» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2253

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №147

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                Ф. ИДИЗОДА

ш. Душанбе, 22 декабри соли 2025, № 277