Аз нишастҳои матбуотӣ
Хатлон ба ҷашни фархунда бо дастовардҳои арзанда омода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6640 иншооти таъиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Ин нишондиҳанда ба 106 фоизи нақша баробар буда, 380 иншоот зиёд аст.
Тавре раиси вилоят Давлаталӣ Саид иттилоъ дод, танҳо соли 2025 дар вилоят 2572 иншоот сохта шудааст, ки нисбати нақшаи солона 2,3 баробар зиёд мебошад.
Аз иншооти бунёдгардида 146 адади онҳо муассисаҳои соҳаи маориф буда, 61 муассисаи таълимӣ барои 18 ҳазору 900 ҷойи нишаст дар ду баст бо маблағи 115 миллион сомонӣ ва 13 муассисаи томактабӣ барои 2440 нафар тарбиятгирандагон ба маблағи 33 миллион сомонӣ бо саҳми соҳибкорон сохта шудааст. Ҳамзамон, давоми соли гузашта 41 муассисаи тандурустӣ ба маблағи 105 миллион сомонӣ ва 61 иншооти соҳаи варзиш ба маблағи 131 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Дар доираи иқдомҳои созанда ба ифтихори ҷашни фархунда, соли 2026 бунёди 1500 иншооти нави дигар низ ба нақша гирифта шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
