https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2026»

01 май 2026, 11:29
8

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» аз 1 декабри соли 2025 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2025, №11-12, мод. 874) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- дар муқаддима рақами «65041180» ба рақами «65957180» иваз карда шавад;

- дар муқаддимаи банди 1) рақами «48377900» ба рақами «49293900» иваз карда шавад;

- дар зербанди б) банди 1) рақами «5411738» ба рақами «6327738» иваз карда шавад.

2. Дар моддаи 2:

- дар муқаддима рақами «66995780» ба рақами «67911780» иваз карда шавад;

- дар банди 8) рақами «14960431» ба рақами «15876431» иваз карда шавад.

3. Дар моддаи 4 рақамҳои «30720585» ва «32605035» мувофиқан ба рақамҳои «31636585» ва «33521035» иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 5:

- дар муқаддима рақами «30720585» ба рақами «31636585» иваз карда шавад;

- дар банди 7) рақами «5258106» ба рақами «6174106» иваз карда шавад.

5. Дар банди 8) моддаи 6 рақами «6939349» ба рақами «7855349» иваз карда шавад.

6. Дар моддаи 8:

- дар муқаддима рақами «32605035» ба рақами «33521035» иваз карда шавад;

- дар муқаддима ва зербанди а) банди 9) рақамҳои «9353925» ва «8590876» мувофиқан ба рақамҳои «10269925» ва «9506876» иваз карда шаванд.

7. Ба қисми 12 моддаи 15 пас аз калимаҳои «андоз аз арзиши иловашуда» калимаҳои «ва аксиз» илова карда шаванд. 

8. Дар моддаи 20:

- дар банди 1) қисми 1 калимаҳои «Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ва воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;

- дар қисми 9 калимаҳои «суратҳисоби андухтӣ» ба калимаҳои «суратҳисоби алоҳидаи буҷети ҷумҳуриявӣ» иваз карда шаванд.

10. Дар сатрҳои рамзҳои 09 ва RSE051 замимаи 2 рақамҳои «6939349» ва «4616640» мувофиқан ба рақамҳои «7855349» ва «5532640» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 27 апрели соли 2026, № 2256

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­роту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 22 апрели соли 2026, №423