https://sadoimardum.tj

Назариядони машҳури олам

№:64-65 (5116-5117), 29 май 2026, 14:51
5

Устод Мирзо Турсунзода аз шоирони машҳури тоҷик буда, ба ҷуз адабиёти миллӣ боз доир ба масъалаҳои гуногуни адабиёти олам меандешид. Ба шогирдону муосирон аз паҳлуҳои гуногуни таҷриба ва назарияи шеъри олам маълумот медод. Ақидаҳои адабиву назарии ӯ зуд ва ҳамон замон ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва нашр мегардиданд.

Дар мақолаи «Андешаҳо дар бораи лирикаи гражданӣ» (1954) мавриди маҳорати адабӣ, ҷаҳонбинӣ ва эҳсосоти шахсӣ, дарки мавзуъ ва ғунҷонидани он дар қолабҳои ҷудогона, аз адабиёти русу тоҷику дигар миллатҳо пайваста омӯхтан, роҳҳои пайдо кардани шеъри нағз, таҷрибаи таълиф намудани шеъру дос­тон, мисраъҳои барзиёд, образҳои куҳнаву нав ва, умуман, паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти адибони тоҷик хеле хуб мулоҳиза намудааст. Шоир, ба фикри ин адиб, ҳар қадар ҷаҳонфаҳмии хуб ва лаёқати баланди шеърнависӣ дошта бошад, ҳамон андоза асарҳои навиштааш дилнишин ва барои мардум таъсирбахш мебарояд. «Лирика яке аз шаклҳои самимитарини санъат аст, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳиссиёти бойро талаб менамояд. Лирика назмест, ки ба дилу ҷони одамони пурзавқу ҳавас кошона монда, аммо барои одамони хунсарду бепарво бегона аст», - навиштааст ӯ.

Шоири барҷастаи тоҷик аз таҷрибаҳои гузаштаву ҳозираи эҷодиёти худ ҳамеша мисол оварда, барои эҷодкорони шеър мегуфт: «Як вақтҳо шеър навиштан барои ман осон буд, имрӯз бошад, он шеърҳои куҳнаамро иштиёқи хондан надорам... зеро бисёр шеърҳои пешинаам самимона навишта шуда бошанд ҳам, лекин ман дар онҳо таҷрибаи аз ҳаёт андӯхтаи худро ошкор насохтаам. Ҳаёти ҳақиқиро нишон надода, танҳо тасаввуроти умумиро ба қалам додаам. Дар он шеърҳо сифатҳои ба назми қадимии мо хос ва образҳои куҳнаву аз даҳан монда (чашмони оҳу, миёни мӯрча, зулфони мори печон, абрӯвони шамшери буррон, қомати сарви равон, даҳони пис­таи хандон, каломи тӯтии Ҳиндустон...) ва бисёри монанди инҳо зиёд буданд. Зеро он вақт ман ҳанӯз барои дарёфтани образҳое, ки аз тарафи ман чӣ гуна дода шудани ҳаётро ифода карда тавонанд, намекӯшидам, балки образҳои тайёри классиконро, ки бо зебоӣ ва дурахшонии худ маро мафтун сохта буданд, ба ёд меовардам».

Мирзо Турсунзода фаъолияти гуногуни ҷамъиятӣ дошт, бинобар ин, борҳо гуфта ва навиштааст: «Ман ҳаргиз фақат машғули шеърнависӣ набудам, яъне касбам танҳо нависандагӣ набуд. Аммо дар ягон ҷо кор мекардам, масалан, дар газета бисёр кор кардам, чандин сол аст, ки вақти бисёрамро корҳои ҷамъиятӣ ва депутатӣ мегиранд. Одати шабҳо баъди анҷоми ташвишу тараддуди рӯзона шеър навиштан аз ҳамин ҷо пайдо шудааст». Ӯ дар бораи шеър ва паҳлуҳои гуногуни он зиёд андеша мекард. Ба масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ кордор мешуд, шеърро барои худ аслиҳаи воқеӣ гирифта, онро дар даст мустаҳкам нигоҳ медошт. Душвориҳои шеърнависиро нисбат ба ҳамаи жанрҳои адабӣ зиёдтар қайд кардааст.

Устод байти мадхалро асоси чунин шеър ҳисоб мекард ва то онро ёфтан баъзан хуни ҷигар мешудааст. Ҳамин ки сари устухони асосиро пайдо намояд, баъд мазмунҳоро паси ҳам давом додан мегирифтааст. Шоир дар ин бора навиштааст: «Ба ман як байти асосӣ лозим буд, ки пойдевори шеър шавад». Ё худ: «Барои ман ёфтани байти матлаи шеър бозёфти калон аст. Ман фақат дар ёфтани матлаъ бисёр меҳнат мекунам. Мо як зарбулмасал дорем: «Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ». Ҳамин барин, барои усто хишти аввал чӣ аҳамияте дошта бошад, ба ман матлаи шеър ҳамон хел аҳамият дорад. «Бинои» минбаъдаи шеър ба он сахт вобаста аст».

Устоди муҳтарам аз аввал ба шеър муҳаббат дошт ва ҳамин тавр бо ҷасорат асар таълиф менамуд. Шоири ҷавон вақте ки бо С. Айниву А. Лоҳутӣ шинос шуда, аввалин дафъа шеърҳояшонро шунид, худро ба қомати онҳо наздик гирифта, мисли устодони бузурги замон шеър навиштанро орзу менамуд. Устод тарафдори шеъри инқилобии устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ буд, ки асоси шеъри инқилобии тоҷикро гузоштаанд.

Шоирон, ба андешаи устод Турсунзода, шеърро бо оромӣ ба даст намеоранд «Шоир барои ҳамин ҳам шоир аст, ки бо амри дил рафтор кунаду қувваи худро дареғ надорад. Шеъри баланд вақте пайдо мешавад, ки шиддати афкору ҳиссиёт бағоят зӯр шавад, қаҳру ғазаб ё шодию хурсандӣ ба авҷи олии худ расад». Ана он вақт шеър хуб мебарояд, ба завқи мардум мерасад, ба дилашон ва ақлу ҳушашон кора мекунад. Шеър навиштан баъзан ба муҳорибаи сахт монанд аст, - таъкид мекард устод.

Ба андешаи ӯ, шеъри нав на фақат дар тағйир додани шакли зоҳирии шеър, балки бозёфтҳои мазмуни тару тоза дар ифода кардани ҳис ва орзуҳои одамони муосир мебошад. Эҷодкор бояд ҳамеша дар фикри тайёр кардани сухане бошад, ки мафҳуми он ба хонанда марҳами ҷон гардад, яъне ман мехоҳам гӯям, ки бо мисрашиканӣ шеъри нав ба амал намеояд, чунонки мегӯянд, бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад.

Дар мақолаи «Дар хизмати халқу Ватан» дар бораи эҷодиёти адибон аз С.Айнӣ то шоирони ҷавон кӯшида, зиёд навиштааст: «Агар дар ин достон («Мавҷҳои Днепр»-и Муъмин Қаноат) порчаи ба бародараш бахшидаи ӯ намешуд, қимати достон ба ин дараҷа зиёд намегардид. Агар Қутбӣ Киром ҳам «Бӯи нон» ном шеъреро наменавишт, дигар шеърҳои ӯ дар бораи нон манзури хонандагон намешуданд. Дар ҳаёти эҷодии нависанда воқеае рӯй медиҳад, ки мақоми ӯро ба ҷӯш меоварад, бадоҳатан мусанниф, бо таппиши дил асарашро эҷод мекунад ва ин асар дар ҳаёти адиб ва ҳам барои як адабиёт комилан воқеаи бузург мегардад. Кас мехоҳад, ки чунин асарҳо дар адабиёт ва санъати мо бештар бошанд».

Устод Мирзо Турсунзода дар баробари асарҳои бадеӣ ба таълифи маърӯзаву мақола машғул шуда, фикру андешаҳояшро дар бораи ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва адабӣ иброз намудаст. Ӯ, ҳамчунин, кӯшиш менамуд, ки дар беҳбуди эҷодиёти адибон бевосита мудохила намуда, дар пешрафти ҷомеа, шукуфоии зиндагонии аҳли башар саҳми босазо гузорад. Ӯ дар ин ҷода аз фарзандони бошарафи миллат маҳсуб ёфта, дар баробари раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будану вазифаҳои зиёди ҷамъиятӣ доштан, ҳамчунин, тез-тез бо мақолаҳои танқидӣ ва илмиву публисистӣ ба эҷодиёти адабиву бадеии адибон рӯ меовард. Асарҳояшонро хонда, онҳоро ба роҳи дурусти эҷодӣ ҳидоят менамуд. Устод ба ин муносибат давра ба давра дар рӯзҳои пленуму анҷуманҳои адабӣ, ҳафтаву даҳаҳои адабиёти халқҳои бародар фикру андешаҳои ҷолиб дар бораи асарҳои адибони ҷавон иброз менамуд.

Шоири байналмилалии тоҷик ҳамеша таъкид мекард, ки нависандагон дар миёни халқ бошанд, Носири Хусрав, Саъдӣ Шерозӣ умри азизашонро дар сафар гузаронда, аз ҳаёти мардумони дунё асарҳои ҷаҳоншумул офариданд. Ба андешаи ӯ, Хайём бе Афлотун, Бедил бе Маҳапҳарата пайдо шуда наметавонистанд.

Устод Турсунзода ҳамчун раҳбари нависандагон бо қатъият ва меҳрубонӣ асарҳои адибони ҳамзамонро хондаву таҳқиқ намуда, ба онҳо баҳои ҳаққонӣ ва арзанда медод, баъзан дар наср аз камии хулосаҳои чуқури фалсафӣ, олами ботинии образҳо, тақдири баъзе персонажҳо мулоҳиза намуда, адибонро ҳушдор медод, ки ба муҳимтарин масъалаҳо диққат диҳанд ва ҳамеша ҳамқадами замон бошанд. Роҳнамои шоирон аз пешравиҳои адибон хушҳол мешуд, чароғе буд, ки роҳи ояндаи ҳар адибро равшан ва дурахшон менамуд.

Шоҳзамон РАҲМОН,

профессор

Ҳамчунин дигар маводҳо: