https://sadoimardum.tj

Истиқболи ҷашни фархунда бо интихобкунандагон

№:112 (5164), 23 сен 2026, 10:18
4

Тавре иттилоъ доред, бо мақсади табрики интихобкунандагон ба муносибати Ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корҳои ободонию созандагӣ, инчунин, шарҳу тавзеҳи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва баррасии мушкилоту дархостҳои сокинони ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо сафари даҳрӯза ба шаҳру ноҳияҳои кишвар рафтанд.
Зимни вохӯрӣ бо кормандони беморхонаи байниноҳиявии бемориҳои сили ноҳияи Восеъ вакили Маҷлиси намояндагон Комилҷон Шамшерзода доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи тандурустӣ дар 35 со-ли соҳиб­истиқлолӣ изҳори андеша кард.
Комилҷон Шамшерзода зикр намуд, ки соҳаҳои мао­риф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ дар маркази диққати давлату Ҳукумати кишвар қарор доранд.
Вакил, инчунин, оид ба баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ анде­шаронӣ намуд.
Зикр шуд, ки аз оғози солҳои соҳиб­истиқлолӣ ва гузаштан ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ низоми идоракунии молияи давлатӣ марҳила ба марҳила ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд. Дар ин марҳилаи таърихӣ ҷиҳати таҳкими сиёсати молиявию иқтисодии мамлакат зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шуданд, ки татбиқи онҳо ба таъмини мустақилияти молияи ҷумҳурӣ мусоидат намуданд.
Дар ноҳияи Қубодиён вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон Дилноза Муродуллозода ва Зарафо Қиёмзода бо сокинони шаҳраки Қубодиён ва деҳоти ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Вакилони мардумӣ ҳангоми суҳбат оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, пешрафту ободониҳо ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар зарфи 35 соли Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти кишвар, ҳифзи арзишҳои истиқлол ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ андешаронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун неъмати бузурги таърихӣ заминаи мусоиди рушди устувори кишвар, таҳкими давлатдорӣ ва шароити арзандаи зиндагиро муҳайё намудааст, ки ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.
Зимни мулоқот бо сокинони деҳаҳои Мулломир ва Кули Хоҷаи ноҳияи Ашт вакили Маҷлиси намояндагон Баҳриддин Зиёӣ оид ба ­дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 35 соли даврони соҳиб­истиқлолӣ, пешравию комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди кишвар андешаронӣ намуд.
Зикр гардид, ки тамоми рушду пешрафт, ободкориву созандагиҳо ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аз сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Маҳз, ба шарофати ин сиёсати дур-бинона Тоҷикистон имрӯз дар шоҳроҳи рушд қадамҳои устувор мегузорад.
Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ҳифз ва таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ шуд. «Маҳз, фазои сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки неруи созандаи ҷомеа ба ободонӣ, рушди иқтисод ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум равона карда шавад. Ҳар як сокини кишвар, аз ҷумла фаъолони ҷомеа, бояд дар корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими дастовардҳои истиқлол саҳми арзанда гузорад», - афзуд вакили мардумӣ.
Дар раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Дилноза Аҳмадзода бо ҳайати шахсии раёсат баргузор шуд.
Ҳангоми суҳбат зикр шуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихи навини Тоҷикистон буда, маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ барои ташаккули давлати миллӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам омад.
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, барқарорсозии сохтори давлатӣ, рушди институтҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти кишвар махсус таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳилаҳои муҳими ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро тай намуда, низоми қонунгузорӣ ва институтҳои давлатӣ пайваста такмил ёфтанд.
Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии муҳити гео­политикӣ ва афзоиши таҳдид­ҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ­экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Дар ин робита, мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқ ва таъминкунандаи тартиботи ­ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини амният, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат нақши муҳим доранд.
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Ҳасанзода бо сокинони деҳоти Дӯстӣ ва Ифтихор баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, ободонию созандагӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки ба пешвози сазовори Ҷашни муқаддас ва бузурги миллиамон - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд. Ин пешниҳод на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми мардуми шарафманди мамлакатро водор намуд, ки бо камоли масъулият дар бунёдкорию ободонӣ ва амалӣ намудани сиёсати ватандӯстонаи роҳбарияти мамлакат саҳм гиранд.
Дар ноҳияи Ҷайҳун зимни вохӯрӣ бо сокинон вакили Маҷлиси намояндагон Неъматулло Иброҳимзода оид ба дастовардҳои 35 соли Истиқлол, хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар таҳкими соҳибистиқлолӣ, фаъолияти Маҷлиси намояндагон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи амнияти кишвар, татбиқи сиёсати созанда ва дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар маълумот пешниҳод намуда, таъкид кард, ки ҳифзи манфиатҳои мардум ва баррасии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти вакилон ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи вохӯрӣ иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар мушкилоти рӯзмарра андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд. Вакили Маҷлиси намояндагон ба саволҳои иштирокдорон посух гуфта, ҷиҳати баррасии масъалаҳои пешниҳодгардида изҳори омодагӣ намуд.
Дар деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов вакили Маҷлиси намояндагон Фарҳод Каримзода ҳангоми суҳбат бо интихобкунандагон мас­ъа­­ла­ҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, мушкилоти рӯзмарраи сокинон ва пешниҳодҳои интихобкунандагонро мавриди баррасӣ қарор дод.
Таъкид шуд, ки Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайваста ба даст омад, неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва кишвари мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таъри-хи аҳли башар ворид гардид. Гузашти айём моро ба Ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки дастоварди бузургтарини миллати тоҷик мебошад, расонд. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқӣ ба даст оварда шавад.
Дар фарҷоми мулоқот сокинон андеша ва дархостҳояшонро баён намуда, ба саволҳои худ посухҳои му-шаххас гирифтанд.
Дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагон Ҳукмиддин Сафарбекзода бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа андешаронӣ карда шуд.
Вакили мардумӣ зикр кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо ба даст овардани соҳиб­ихтиёрии сиёсӣ набуда, балки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди ҳамаҷонибаи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин дав-ра Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирифта, барои ба-ланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ободонии шаҳру ноҳияҳо ва таҳкими иқтидори иқтисодии ки-швар тадбирҳои пайваста амалӣ гардиданд. Ӯ афзуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба марҳилаи рушд ворид гардида, бунёду таҷдиди иншооти муҳими давлатӣ ва иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, рушди муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳанг, инчу-нин, ободонии шаҳру ноҳияҳо ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфт.
Дар идомаи мулоқот нақши сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ гардид.
Дар вохӯрӣ, инчунин, масъалаҳои ободонӣ ва рушди минбаъдаи ноҳия, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони сохтору муассисаҳо ва фаъолон дар назди ҷомеа баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон Бахтиёр Аҳмадзода бо сокинони но­ҳияи Спитамен масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бахтиёр Аҳмадзода оид ба дастовардҳои даврони соҳиб­истиқлолӣ, ҳадафҳои созандаву ободкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар таъмини рушди устувори мамлакат андешаҳояшро баён кард. Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон заминаи мусоиди рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардумро фароҳам овардааст.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи қонунгузорӣ, таҳкими ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи нас­ли ҷавон дар руҳияи ватандӯс­тиву худшиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳми ҳар як сокин дар ободии Ватан таъкид шуд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
Исломи РАҶАБАЛӢ,
Сулаймон СУЛТОНОВ,
Нодир ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: