https://sadoimardum.tj

Истиқболи ҷашни фархунда бо интихобкунандагон

№:111 (5163), 21 сен 2026, 17:24
4

Тавре иттилоъ доред, бо мақсади табрики интихобкунандагон ба муносибати Ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корҳои ободонию созандагӣ, инчунин, шарҳу тавзеҳи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва баррасии мушкилоту дархостҳои сокинони ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо сафари даҳрӯза ба шаҳру ноҳияҳои кишвар рафтанд.
Дар ин раванд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Мунаввар Абдусаломзода бо фаъолони шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа таъкид шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, бунёду таҷдиди иншооти муҳими давлатӣ ва иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, рушди муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳанг, инчунин, ободонии шаҳру ноҳияҳо ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфт.
Нақши сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол ҳифз ва таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз, фазои сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки неруи созандаи ҷомеа ба ободонӣ, рушди иқтисод ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум равона карда шавад.
Зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар шаҳри Левакант вакили Маҷлиси намояндагон Зафар Ализода гуфт, ки Сарвари давлат солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон карда, дар доираи он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Ҳамзамон, «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» ва дар асоси он барномаҳои соҳавӣ қабул шуда, мавриди амал қарор доранд.
Таъкид шуд, ки саноат яке аз соҳаи муҳимтарини иқтисодиёти ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, он дар ҳар давру замон барои кишварҳо соҳаи калидии рушди иқтисод маҳсуб меёбад. Маҳз, давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққинамуда дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори бештар доранд.
- Дар замони соҳибистиқлолӣ саноати Тоҷикистон роҳи пурифтихори рушдро тай кард. Шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 358 адади соли 1991 ба зиёда аз 3972 корхона расид. Дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» бо иштироки Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ 177 корхонаи саноатӣ бо 14861 ҷойи кори доимӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мошинсозӣ, саноати сабук, сохтмон, коркарди маъдан, ба истифода дода шуд. Дар маҷмуъ, танҳо дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кор сохта ба истифода дода шудааст, - афзуд номбурда.

Ҳамчунин дигар маводҳо: