Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Чин
15-уми сентябри соли 2026 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин мулоқот намуд.
Зимни мулоқот зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Чинро муносибатҳои дӯстонаи мустаҳкам, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба ҳам мепайванданд. Дар тӯли 34 соли муносибатҳои дипломатӣ кишварҳои мо роҳи бузургеро тай намудаанд. Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи ниҳоят баланд қарор доранд. Ба онҳо эътимоди сиёсӣ, эҳтироми мутақобила ва дастгирии пайвастаи манфиатҳои дарозмудда-ти якдигар хос мебошад.
- Созишҳои дар сатҳи олӣ бадастомада имкониятҳои васеъро барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии мо фароҳам меоранд. Дар ин раванд ҳамкориҳои байнипарламентӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Парламентҳо такягоҳи муҳими муносибатҳои дуҷониба мебошанд. Онҳо барои муколамаи доимӣ, табодули таҷриба, таҳкими заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи созишҳои дар сатҳи олӣ бадастомада имкон фароҳам меоранд. Мо ба он боварем, ки ҳамкориҳои зичи парламентӣ ба таҳкими минбаъдаи эътимоди мутақобила ва ҳамкории амалӣ байни кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард, - изҳор дошт Азиз Гиёзода.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
