Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ба ифтихори ҷашни муқаддас – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст.
Мактаби замонавӣ чорошёна буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф сохта шуда, барои 4 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Муассисаи нав дорои 73 синфхона буда, аз ин шумора 15-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошанд.
Дар иншооти таълимӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Муассиса, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва толори маҷлис бо 300 курсӣ мебошад.
Дар ин боргоҳи илму маърифат 38 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.
Дар муассисаи тозабунёд Осорхонаи Пешвои миллат низ таъсис дода шуда, дар он аксҳои 5 давраи зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти Роҳбари давлат гирдоварӣ шудааст. Мавҷуд будани чунин осорхона дар муассиса бевосита ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷ гузоштан ба талошҳои пайваста ва шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуъ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард.
Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ, ки дар муассиса сохта шудааст, барои машқу тамрини футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз ва шоҳмот, бевосита ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад.
Майдончаи варзишӣ аз бартариҳои дигари мактаб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад. Фароҳам овардани чунин шароит имкон медиҳад, ки хонандагон вақти холигии худро босамар гузаронида, ба варзиш машғул шаванд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон барои истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд.
Зикр гардид, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимии умумии кишвар бояд дар мадди аввал сифати таҳсилот ва дониш гузошта шавад.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бе илму навоварӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
