https://sadoimardum.tj

ТАМАДДУНИ ОРИЁ

№:111 (5163), 112 (5164) 23 сен 2026, 10:16
66

Дар ҳошияи асари «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешво

(Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Оғози сухан

Аз нигоҳи Пешво вопас назар андӯхтем,

Даҳр дар оинаи таърих мо омӯхтем.

Ёфтем аз Ориён то маснади Сомониён,

Аз куҷо рӯйидану ҳар даврае з-ин дудмон.

Чеҳраҳои оқилу доно ба илму маърифат

Дар тамаддун саҳми худ бигзошта аз ҳар ҷиҳат.

Дар ҷаҳон дорад тамаддун ҳар диёр аз халқи хеш,

Мекунад омезиши фарҳанг дастовард беш.

Ҳастии инсон шуд оғози ҳаёт андар замин,

Чунки ӯ бо донишу идроку ақл омад яқин.

Ҳаст инсон худ вуҷуди беназири бошуур,

Ҳам тафаккур, ҳам хирад аз ӯ биояд дар зуҳур.

Одамӣ шуд чун калиди розу асрори вуҷуд,

Баҳси олимҳои дину даҳр з-оғозаш фузуд.

Бингарӣ ҳар гаҳ ба таърихи тамаддун як назар,

Кашфи ирфонию илмӣ оварад баҳсе ба сар.

Қудрати инсон бувад, як умр неъмат офарад,

Ҳам ба рушду бо нумуаш тозагиҳо оварад.

Шаш ҳазора сол таърихи насаб дорем, бин,

Решааш аз Ориёну Ковиён ояд яқин.

Аз Авасто дарҳамеёбем мо таърихи хеш,

Чеҳраҳои номвар буданд гарчӣ беш пеш.

Буд Каёниён, Ҳахоманишиён, Кӯшониён,

Асри зар: Сосониён, Сомониён, Тоҳириён.

Ҳикмату фарҳангу таърихи Хуросони куҳан

Дод моро раҳ ба авҷи илму фарҳангу сухан.

Буд Хуросон сарзамини бас бузурги Ориё,

Марзаш аз Мағриб ба Машриқ мерасад аз Осиё.

Тоҷикон - насли асили бохтариён, суғдиён,

Ирсият мондаст аз онҳо нишон то ҷовидон.

Ориё аввалтамаддунофар аст андар ҷаҳон,

Аввалин осори хаттӣ медиҳад аз ин нишон.

Давлати аввал ҳакимон гуфтаанд эроннажод,

Шаҳрсозӣ, ҳам кишоварзӣ ҳама ориниҳод.

Ихтирои мо фузун аз Ориёнои қадим,

Бастани дарё расад ҳам об кардан мунқасим.

Ориёро асли маъно будааст озодагон,

Соҳиби фазлу асолат, аҳли фарҳанги ҷаҳон.

Дон, ки ҳаммаъност ҳарфи орию тоҷик ба ҳам,

Чунки таъриху забонҳо дарҷ шуд дар ин рақам.

Тоҷикон бо тоҷикию форсию ҳам дарӣ,

Аз азал бо як забон андар мақоми бартарӣ.

Лаҳҷаҳо суғдию гелонию хатлӣ, паҳлавӣ,

Ҳар яке бо имтизоҷи тоҷикӣ гашта қавӣ.

Бар сари миллат ба мозӣ буд чандин тохтутоз,

Ин забон моро чу миллат, гуфт, солим дошт боз.

Чун забони модарӣ худ ҳаст аз миллат нишон,

Рушди миллӣ, урфу одат низ меояд аз он.

Худшиносӣ ёфт бояд аз замири бостон,

Бо ниё пайваста меёбем умри ҷовидон.

Дар ҷаҳон донанд, тоҷикҳо тамаддунофаранд,

Пояи рушди тамаддун, ҷавҳари фазлу фаранд.

Бар ҷаҳониён бувад ин сон шиносоӣ муҳим,

То ки донанд ин тамаддун ҳаст аз қавми муқим.

Тахти Ҷамшедат нишоне аз тамаддунофарӣ,

Авҷи сатҳи шаҳрдорӣ, навгарӣ, навоварӣ.

Корвон аз Роҳи Абрешим равад бар Шарқу Ғарб,

Дар тиҷорат ҷумла пушти манфиат дар долу зарб.

Мавҷи занги корвон аз Чин расида то Хазар,

Аз билоди Форс мерафт ин ҳама зери назар.

Дар фурӯши шоҳӣ, абрешим, паранду ҳам ҳарир

Ориё рушди тамаддун кард андар ин масир.

Дар катиба дарҷ гашта ин ҳама дар Қасри Шуш

Бо забони паҳлавӣ хондан-ш, ояд хуш ба гӯш.

Тахти Сангин ганҷи Окс аз сафҳаи таърихи мо,

Ганҷи гилин, зарфҳои шиша, даври Ориё.

Парчами номуси дунё шуд дирафши Ковиён,

Рамзи сарҷаъмию бо ҳам зистан андар ҷаҳон.

Шоҳиде бар авҷи рушди мо Саразми бас қадим,

Буд ганҷи сурбу мису зарри аълояш азим.

оғози давлатдории ориёӣ

Чун нахуст аз Ориё буд шоҳ Куруши Кабир,

Офарида салтанат дар рӯи дунё беназир.

Дудмонаш з-Осиё то Африқову Аврупо

Карда танзими идорӣ бо низоми Ориё.

Аввалин Эъломия афрухт аз ҳаққи башар,

Эътирофаш карда халқи рӯйи дунё сар ба сар.

Гашт чун Зардушт пайғамбар ба дини ростин,

Ҳикмати некупарастӣ ҳаст кард андар замин.

Дини зардуштист таҳкурсии динҳои дигар,

Саргаҳи ахлоқию ирфонии аҳли башар.

Буд аз Юнон Авасто шуҳра то Руми Қадим,

Дар пайи ислоҳи дин, яктопарастони азим.

Буд Авасто нақш гар дар пӯст даҳ бо ду ҳазор,

Зад Сикандар оташаш, мондаст бахше дар шумор.

Рӯшноӣ, гуфт, ғолиб омада бар торикӣ,

Низ хубӣ бар бадӣ аз ҳар каломи тоҷикӣ.

Панди ӯ пиндору ҳам гуфтору ҳам кирдори нек,

Эътибораш дар ҷаҳон афзуд бо осори нек.

Монию Маздак биразмиданд бо зулми замон,

Зидди золимҳову гумроҳону хайли бадгумон.

Мазҳаби Монӣ биоварда тамизи неку зишт,

Ҳам зи оғоз одамиро рӯшноӣ шуд сиришт.

Ибрати озодихоҳон буд Маздак он замон,

Мазҳабу динаш зи аввал рағми ҳар зулму зиён.

Буда фикру зикр онҳоро тамаддунофарӣ,

Аз ҳама андешаи зишту хаёли бад барӣ.

Давраи асримиёнагӣ

Даври байни асрҳо даврони рушди тоҷикон,

Вақти авҷи илму фарҳангу ривоҷи Ориён.

Донишу ақлу заковат - пешрафти он замон,

Дар тамаддун нақши онҳо беш дар рӯи ҷаҳон.

Марвазӣ буд Борбад - ромишгаре андар ҷаҳон,

Шуҳра чун оҳангсоз аз давраи Сосониён.

«Хусравонӣ» ҳаст ҳафт оҳанги ноби Борбад,

Аз Накисо, Саркабу Саркаш ва мутриб беадад.

Хушнавозӣ кард бо «Сӣ лаҳн» сози саргаҳӣ,

«Сози Наврӯз» асту «Шабдез» асту ҳам «Сарви саҳӣ».

Созмонбахши низоми мусиқӣ, ҳам бастакор,

Шуд намоён, шуҳра дар рӯи ҷаҳон аз ин диёр.

Шуд Имоми поки Аъзам раҳкушо исломро,

Хуш пазируфтанд халқ ин соҳиби икромро.

Аз Имоми Аъзам он чӣ ёфта ислому дин

Ҳифзи лафзи модарӣ андар ибодат шуд яқин.

Саҷда кард ӯ дар ибодат бо забони модарӣ,

Дошт гарчӣ то ба ин дам лафзи тозӣ бартарӣ.

Буд аз аҳнофу аз пайванди суннимазҳабон,

Шомили ҳафтод дарсад аҳли исломи ҷаҳон.

Буд таълимоти ӯ сабру таҳаммулпарварӣ,

Доштан бо адлу фазлу хулқи неку доварӣ.

Сохт Исмоили Сомонӣ билоди устувор,

Бо Каёнисуннатӣ дар назм афзун пойдор.

Сатҳи ин давлат такомул ёфт бо исми Каён,

Гашт ибрат халқҳоро то ба ин давру замон.

Буд баробар пайравони расму дин, ҳар мазҳабе,

Рушди илму дарсҳо, барномаҳои мактабӣ.

Шоҳи одил дар ҷаҳон бурданд умре номи ӯ,

Гашта бас вирди забони халқҳо пайғоми ӯ.

Монда з-ӯ осор бас аз илму фарҳанги башар,

Қавми тоҷик аст з-он дам пойдору тоҷвар.

Ӯ тамаркуз дод девонҳои рушди давлатӣ,

Дод пайванди низоми ҳарбию ҳам қудратӣ.

Буд асоси сохтори амн девони вазир,

Балки чун девони соҳиб-ул-бариди беназир.

Нозири бозорҳо буд номи девон муҳтасиб,

Карда аз молия чун девони муставфӣ насиб.

Дар низом овард ӯ якчанд девони дигар,

Лек баҳри амни кишвар буда дар зери назар.

Ибни Ҳайёнро Бруно гуфт доҳии бузург,

Кард ӯ химияро пеш аз Пристили сутург.

Кард ин Ҳебери машриқ кашф чун симобро,

Ҳикмати сулфуру ҳам кислотаи тезобро.

Ҷобири Тӯсӣ буд он карда филизот ихтироъ,

Кимиё бо Розӣ андоза гирифта як зироъ.

Муаллим баъди Арасту дон, ки Форобӣ бишуд,

Мужда аз румию юнонию Монӣ дода худ.

Дар риёзӣ сифр аввал кашфи Хоразмӣ бишуд,

Ҳам асоси илми алгебра ҳаме монда зи худ.

Буд риёзидон ба «Алгоритм»-у «Ал-Ҷабр»-и» ҷадид,

Низ дар ахтаршиносӣ беназиру бенадид.

Ёфт Ал-Фарғонӣ ҳам арзи мадори офтоб,

Инчунин, доғи рухи хуршедро аз моҳтоб,

Рӯдакӣ чун буд нахустустоди шеъру шоирон,

Баҳри аҳли санъату фарҳанг бас ганҷи гарон.

Монд рамзи ҷовидона баҳри фарҳангу адаб,

Шуд ба хушбахтии аҳли форсигӯён сабаб.

Гашта ӯро ном Одамушшуарои замон,

Ҳамчу сардафтар ба шоирҳои хушзавқи ҷаҳон.

Ҳаст он устоди назму вазни шеъру шоирӣ,

Арзи маъниаш ҳамеша ҳуҷҷате аз моҳирӣ.

Ҳаст бо сабки Хуросон тарзи шеъри Рӯдакӣ,

Лафзу маънояш ба авҷи табъу завқаш муттакӣ.

Илми вофир Ҷобири Батонӣ дар ҳандаса дошт,

Тригонометрияро ӯ асос аввал гузошт.

Аврупоро бо риёзӣ аввал ӯ тасхир кард,

Бо китоби ҷирмҳо бар олимон таъсир кард.

Аз Батонӣ буд аввал ҷадвали астраном,

Ҳам ҳисоби ҳаҷми аҷсом аз қиёси тухми хом.

Будааст Эмом Бухорӣ орифи ислому дин,

Чун «Саҳеҳ»-аш баъди Қуръон ҳаст ҳуҷҷат бар яқин.

Илми ӯ андар ҳадису дар маонӣ буд «Саҳеҳ»,

Монд андар ҳикмати ислом осоре фасеҳ.

Олими тиб он Закариёи Розӣ, ҳам ҳисоб,

Дар пизишкӣ, кимиё бинвишта ӯ чандин китоб.

Гуфт Розӣ, нест ҷои холие андар фазо,

Нури биниш нест аз чашм, аст аз ҷисми сафо.

Аввалин гуфт аз хати мизону ҳам аз вазни хос,

Ихтироаш марги муш, тезобҳо аз ин қиёс.

Аз убури сарҳади пуршавкати тибби ҷаҳон

Монда баҳри таҷриба, таҳқиқҳо аз худ нишон.

Саҳми Берунӣ бузург омад ба таълими башар,

Кашф карда дар низоми хеш кайҳони дигар.

Кашфи хоси ӯст ҳатто кӯрашаклии Замин,

Ченаки сатҳи Замини нозанин ҳам аз ҳамин.

Ихтирооташ буда машҳур андар Аврупо,

Иззаташ оранд то имрӯз олимҳо ба ҷо.

Кошифи ҷуғрофидону олими ахтаршинос

Ҳам заминпаймоиро бинҳода ӯ санги асос.

Нозими робитаҳои илми байни мардумон,

Равнақи илми табиат, одамону ҷисму ҷон.

Рушди ҷуғрофӣ, риёзӣ, ахтарон, сайёраҳо,

Илми таъриху табиат, осмон, истораҳо.

Шайх-ур-раис Буалии ибни Сино чун табиб

Дар ҷаҳон шуд эътирофу бар ҳама мардум ҳабиб.

Гашт «Ал-Қонун»-китобаш шуҳра чун Қонуни тиб,

Бурда аз он Аврупою Африқо афзун насиб.

Кашфиёти Ибни Сино гар сироятзарра ҳаст,

Ҷунбиши кавну макон оварда ин кашфаш ба даст.

Хоса се навъи ҳаракат нек тақсимот кард,

Арзию касрӣ, табиӣ арзи таълимот кард.

Гашт бар импулсу бар инертсия бунёнгузор,

Кард ҷарроҳии душвори саратон ошкор.

Файласуф ӯ буду андар илми мантиқ бохирад,

Баҳри дарки дарду дору ҳикмати ӯ дархӯрад.

Ҷоиза байналмилалӣ кард баҳраш Пешво,

Ҳар кӣ андар илми тиб шоён шавад ӯро сазо.

Дар рубоӣ, дон, ки Хайём аст шоҳи шоирон,

Навъи шеъри тоҷикиро кард маҳбуби ҷаҳон.

Ҷовидон андар риёзиёту дар илми шумор,

Формули бином кашфи ӯст, кашфе мондагор.

Чордаҳ муодилаи сатҳи се ҳам кашфи ӯст,

Бозёби тарзи илмии вақоеъ ӯ биҷуст.

Карда тақвими дақиқе пеш аз григорянӣ,

Карда тақвими нуҷумаш илми оламро ғанӣ.

Хонда дидам, хамсаҳо, шеъру ғазалҳо беҳтарин,

Боз дидам, ҳикмату панду масалҳо беҳ зи ин.

Ҳаст маълум ирси илмии ҳамин чор арҷманд,

Чун тамаддунофарин бар чарх афканда каманд.

Дар дили Вена бувад тандис бар ин чор мард,

Созмони даҳр эшонро ҳамин сон қадр кард.

Дар бузургӣ нест устоде чу Фирдавсӣ ҳаким,

Монда «Шаҳнома» аз ӯ дар васфи шоҳони қадим.

Шоҳнома номаи шоҳон бувад, ҳам шоҳасар,

Тоҷикию форсӣ, дурри дарӣ, оригуҳар.

Нест ин «Шаҳнома» танҳо шаҳкитоби разму базм,

Шаҳсутун бар ин забону пояи маҳкам ба назм.

Шоҳнома баҳри шоирҳо шуда дастури назм,

Панду андарзи хирадомӯз, авҷи азму разм.

«Шоҳнома» ҳуҷҷате бар мардуми тоҷикзабон,

Мо биомӯзем таърихи Аҷам аз назми он.

Чун забони «Шоҳнома» ҳаст яксар тоҷикӣ,

Аҳли ҳар миллат намегӯяд дигар ин моли кӣ?

Дарси давлатдорию ҳам расму оинҳо зи он,

Панду ахлоқу адаб, ҳам накҳату лаҳни забон.

Мадҳ кард амну амонӣ, адлу ҳам инсофро,

Маънавиёти баланду зеҳну фаҳми софро.

Шоҳнома шоҳасар бошад, чу баҳри бекарон,

Чунки дар ҳар мисрааш розест чун ганҷе гарон.

Буд Ибни Ҳайсам азнавсози илми оптика,

Дур кард ӯ фаҳми динӣ, воқеот аз мистика.

Буд китобаш «Мабҳаси нур» инъикосоте дуруст,

Суръати рӯшноӣ гоҳи паҳнгардиҳо зи ӯст.

Носири Хисрав чу шоир, чун философи ҷаҳон

Дод такмил илми исломию Юнон он замон.

Боядо бишнохт олам, гуфт, бо илму хирад,

Ҳам бимонд андешаи фитрию осораш абад.

Баҳри афзоиши дониш кард дар олам сафар,

Ибрате шуд он «Сафарнома» ҳамеша бар башар.

Саъдии Шероз бо осор дар чандин забон,

Ҳикмату ахлоқ ёбӣ аз «Гулистон», «Бӯстон».

Панду ҳам андарзҳо, осори инсонпарварӣ

Бо забони тоҷикию форсӣ, лафзи дарӣ.

Боз Аттори Валӣ буд пештар аз Мавлавӣ,

Буд афзал дар қасида, дар ғазал, дар маснавӣ.

Шераку Испитамен, Темурмалик зидаҷнабӣ,

Хаста аз ӯ душманони истилои мазҳабӣ.

Гашта бас машҳури дунё Мавлавӣ бо «Маснавӣ»,

Он саромад фазлро, дорои баҳре маънавӣ.

Кард ҷашни солгардаш Созмони бонуфуз,

Назму насри фалсафиаш гашта ҷовид панди рӯз.

Аз Камоли Форсӣ фарзияи зарроти нур,

Инчунин аст интишори мавҷи нур аз даври дур.

Ҳофизи Шерозӣ, устоди ғазал, ҳикматсаро,

Иффату ирфону ишқи пок дар назмаш ба ҷо.

Шеъри ӯ нобу равон, дорандаи сеҳри калом,

Муҳтавояш чандпарда, дар навои хушмақом.

Ҳаст Ҷомӣ шоири аслу забарфазли асил,

«Ҳафт авранг»-у «Баҳористон»-и ӯ марҳам ба дил.

Ҳаст осори дилангезе зи Хуҷандӣ Камол,

Дар ғазал лутфи каломи ӯст, ҳаққо, бемисол.

Ӯ дирафшафрози шеъри халқи тоҷикориёст,

Лафзи ӯ ширину шеъраш олию пурмуҳтавост.

Нақши ӯ дар сайқали фазлу адаб бошад азим,

Хонда осори варо аҳли ҷаҳон, қавми муқим.

Ҳаст Мирзо Бедил он устоди нотакрори шеър,

Дар сиришкаш ҷост фитрат, қадри инсонию меҳр.

Сабки шеъраш пурмаонӣ, пурхирад, пурмаърифат,

Ҳикмати ирфонию дарҷи маонӣ ҳар нуқат.

Зери сар девони ӯ дар гоҳвори тифлакон,

Гашта чун мероси арзишманд дар ҳар хонадон.

Кард пайванд ӯ Хуросон бо фару фарҳанги Ҳинд,

Ҳар тариқат ҳурматаш оранд, ирфониву ринд.

Аҳли маҳфил карда Бедилхонӣ аз завқи баланд,

Кашфи асрори ҳаёт андеша орад дилписанд.

Дар маориф Аҳмади Дониш бувад бунёнгузор,

Гуфт таҳқиқи ҳама илми ҷаҳон ояд ба кор.

Чун «Наводир-ул- вақоеъ» ҳаст осори дақиқ,

Гуфт, адли бехусумат оварад амни амиқ.

Зебуннисо, Робиа, Фарзона, ҳам Нодирахон

Аз мақоми модару зан гуфта шеъри ҷовидон.

Ҳамчу Афлотун, Арасту - файласуфони қадим,

Асри нав Иқболи Лоҳурист онҳоро надим.

«Сайри фалсафа дар Эрон» ҳаст таълифе наҷиб,

Донад аҳли Ориё аз ин сабаб ӯро ҳабиб.

Даврони Шуравӣ

Ҳаст Садриддини Айнӣ зинда ҳамчун Қаҳрамон,

Ҷон ба каф эҳё намуд ӯ миллати моро забон.

Шуд «Намуна» чун зи килкаш миллати моро насиб,

То шавад фарҳанг эҳё, дар ҷадал буд бо рақиб.

Баҳси ӯ аз баҳри миллат рафт гоҳи шуравӣ,

Дид таҳқир арчӣ афзун, дар маромаш буд қавӣ.

Шахси таърихии мо - Лоҳутии олинишон,

Фахри эронию тоҷик, шоири оташзабон.

Ҳаст Турсунзода Мирзои суханвар Қаҳрамон,

Дӯстии халқҳо тарғиб кард андар ҷаҳон.

Достони «Ҷони ширин» кард дилҳоро фусун,

Ҳурмати зан, модаронро беш карда то кунун.

Олиму арбоби бас барҷаста Бобоҷон Ғафур,

Бо китоби «Тоҷикон» донандаш асҳоби шуур.

Кард аз таърихи миллат шоҳасар возеҳ аён,

Аз тамаддунҳои мо гаштанд огаҳ дар ҷаҳон.

Дар ривоҷи илм андар кишвари мо нақши ӯст,

То кунад таърих эҳё, махзани дунё биҷуст.

Солҳо таъқиб мекарданд орифҳоямон,

Баҳри ҳифзи номи миллат ҷаҳд кард ӯ он замон.

Кард таҳқиқ инчунин таърихи Ориёзамин,

Гуфт, дар олам як оғози тамаддун ҳаст аз ин.

Чун муаррих дар ҷаҳон бишнохташ аҳли башар,

Созмонҳои ҷаҳонӣ ёфт аз илмаш хабар.

Қаҳрамонон Айнӣ, Бобоҷон Ғафур бас бебадал,

Ҷон ба каф бинҳодаву биме накарда аз аҷал.

Нусратулло пури Махсум Қаҳрамон шуд номдор,

Қатл кардандаш, ки шуд аз баҳри миллат ҷонсупор.

Мушти хокашро зи ғурбат Сарвар овард ин замон,

Бо Ватан пайванд кардаш Пешво то ҷовидон

Карда Шириншоҳи Шотемур хизмат бар Ватан,

Қаҳрамон унвон варо шуд дар диёри хештан.

Қуллаҳои сарбаланди Тоҷикистонаш бақо,

Баҳри миллат карда ҷони хешро сидқан фидо.

ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Чун расида мо ба нақши ибтикори Пешво,
Дар қиёс аз ҳар назар неку бувад ҳарфу ҳиҷо.

То ки гӯям ибтикору ифтихораш бехато,
Дам ба дам андар ҷаҳон иқдомҳояш ошно.

Ҷузъиёти ҷанги таҳмилӣ шикасти шуравӣ,
Чунки буҳронҳо фаровон шуд, набуд дигар қавӣ.

Чунки аъмоли маҳалқисматгарон буд як сабаб
В-он дигар ифротию ҳизби касифи беадаб.

Ҷанги таҳмилӣ, ки сунъӣ буду бо макри бурун,
Қавми беандешаро ангехт бар ҳам аз дарун.

Будану нобудани давлат, яқин, буд дар хатар,
Тинҷию амни Ватан вобаста буд аз ҳар нафар.

Ҷаҳди қисматсоз андар Маҷлиси Арбоб шуд,
Раҳбари давлат яке шахсияти ноёб шуд.

Гашт таъйин Сарвари Шурои Олӣ чун Ҷаноб,
Хурд бо покии шири модараш савганди ноб.

Қасри Арбоб аст бурҷи нақшаи ояндааш,
Сулҳу эҳёи Ватан барномаи пояндааш.

Гашта бар киштии пуртӯфони давлат Пешво,
Раҳбалад дар баҳри пуртуғёни он даврони мо.

Ҳеҷ касро он замон ҷуръат набуд бар раҳбарӣ,
Халқро сарҷамъ овардан, намудан сарварӣ.

Буд Марказ дар фишори фирқаҳои бадгумон,
Шуд шуруъ Иҷлосия андар Хуҷанди бостон.

Гуфт Сарвар: то наорам охирин аҳли фирор,
Қарзи виҷдон асту дил ҳаргиз намеёбад қарор.

Шуд хитобе: «Бар шумо сулҳи абад меоварам!»,
Ин амал иҷро бишуд, афзун бар он лутфу карам.

Гарчӣ буд одам, вале буд одами бехонумон,
Зиндагонӣ буду нохуш рӯзгори мардумон.

Бас касон аз гушнагӣ сарсону саргардон буданд,
Кӯдакон овораву озурдаву нолон буданд.

Ҳукмрон буд хушксолӣ, гушнагӣ, қаҳтии сахт,
Арзану ҷав буд қути мардуми баргаштабахт.

Ҷанги таҳмилӣ рабуд ҷони ҳазорон навҷавон,
Бахти миллат буд, ки омад Раҳбари нав он замон.

Хурд баҳри ваҳдати миллӣ ҳаме савганди худ,
Сулҳ ӯ оварду бар халқи ҷаҳон ибрат бишуд.

Бозгардонид аз хориҷ фирориён фузун,
То ки бар номуси миллат захм н-ояд аз забун.

Аҳли ҳиҷрат Пешво овард аз бегона марз,
Гарчӣ бархе буд норозӣ аз ин иқдоми фарз.

Дид Сарвар, мардуми озурдаю нолони худ,
Кард содир баҳри халъи аслиҳа фармони худ.

Сер шуд мардум зи тақсими батадбири замин,
Хирмани деҳқону дастархон чу пур шуд аз ҳамин.

Буд иқдомаш чу одамдӯстию маърифат,
Шуд писанди аҳли олам ин амал аз ҳар ҷиҳат.

Баҳри рафъи гушнагӣ гуфт эҳтиёти эҳтиёҷ,
То ки рӯзи тангдастӣ корҳо ёбад ривоҷ.

Буд чу ин иқдом хуш, дар рӯи дунё қадр шуд,
Сарфа шуд озуқа, таъмин боз бас аз садр шуд.

Гашт Сарқонуни кишвар пояи қонунгузор,
Шуд фаъол он шохаҳои давлат аз ҳар эътибор.

Тибқи Қонун давлатам озод ҳасту дунявӣ,
Ҳам ҳуқуқбунёду демокрот, солим ғоявӣ.

Шуд ба миллат бахтнома, бахт баҳри тоҷикон,
Ваҳдату озодию сулҳу фараҳ дар ин макон.

Гуфт, бошад марзи мо якпарча, тағйирнопазир,
Дунявӣ, демократӣ, арзӣ, ҳуқуқӣ, беназир.

Тибқи Қонун арзиши олӣ ҳақи инсон бувад,
Фикри солим ҳар якеро дар ҳади имкон бувад.

Муҳтавову арзиши он зеби таърихи башар,
Баҳри амну рушди кишвар дарки он орад самар.

Раъйпурсӣ шуд ба майлу ихтиёри мардумон,
Дур карда аз рақибон ин равиш шакку гумон.

Шуд раванди умр бо меъёри қонунҳо низом,
Ҷумла таъминоту тартибот ояд бо маром.

Зиндагии сабзу шоиста муборак бод, бод,
Тифлу хурду пиру барно ҷовидонӣ бод шод.

Ҳаст миллат бешумар дар даҳр бе садру замин,
Шукри ин қисмат, ки мо дорем ҳам ону ҳам ин.

Пешво тимсоли истеъдоди меросӣ бувад,
Ин лаёқат худ нишону хислати хосӣ бувад.

Пешво Эмомалӣ Раҳмон тамаддун офарид,
Нақшаи ояндаи рахшони дунёро кашид.

Ҳаст аз аҷдоди барҷаста ва машҳури ҷаҳон,
Дар тамаддун хидмате бинмуда бас олинишон.

Ҳамчу арбоби сиёсӣ, файласуф, бо илму фан,
Оқилон гӯянд зеҳ дар минбару дар анҷуман.

Чун Президент ӯро кард мардум интихоб,
То шавад ин манзалат барҷо, набудаш ҳеҷ хоб.

Сулҳу ваҳдатро асосаш ҳаст ӯ бунёнгузор,
То шавад ӯ комёб, амн омадаш бо ин қарор.

Сарпарасти тоҷикон ӯ гашт дар рӯи ҷаҳон,
Пешво гуфтанд ӯро халқи кишвар якзабон.

Ҳаст Сарфармондеҳи он Артиши миллии хеш,
Бо силоҳи нав сипоҳи хеш таъмин кард беш.

Зинда кард ӯ қаҳрамонҳорову худ ҳам қаҳрамон,
Монад аз ин манзалатҳо номи некаш ҷовидон.

Ҳаст дар маҷмуъ як инсони одӣ, аҳли фаҳм,
Бо бузургон нобиға, бо нотавонон аҳли раҳм.

Ваҳдати миллӣ, ки ӯро ҳаст иқдом, ибтикор,
Нафъи Истиқлол моро ҳаст иқбол, ифтихор.

Панҷ дафъа суиқасд ангехта бар ҷони ӯ,
Панҷ дафъа қасди хасмон буд бар унвони ӯ.

Хизмати халқ аст худ ангезаи Раҳбар, яқин,
Лаҳзаҳо ҳарчанд мушкил буда, душвору хашин.

Пешво чун буд тамаддункор дар давру замон,
Бо ташаббусҳои олӣ шуҳра шуд андар ҷаҳон.

Гуфт, бар миллат хиёнат лоиқи бахшанда нест,
Ҳаркӣ қадрашро надонад, бар Ватан арзанда нест.

Сабки давлатдории шевои ӯ шуд маънавӣ,
Самти илмӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ шуд қавӣ.

Шуд муназзам ҳифзи тартиботу амну амният,
Карда фарҳангу маориф, илмро некуҷиҳат.

Лаҳзаҳо буданд, буда ҷони ӯ зери хатар,
Баҳри халқаш барнагашт ӯ ҳеҷ аз азми сафар.

Пок кард ин сарзамин аз ҷумла нопоке, ки дошт,
Ҳар ваҷаб ин марзро меҳру муҳаббат беш кошт.

Арзиши миллист Парчам, Тоҷу ҳам Гимну Нишон,
Артиши миллист, марзу бум аз он андар амон.

Бин, ҷавонони Ватан содиқ ба ҳар савгандашон,
Модарон хушнуду шод аз рифъати дилбандашон.

Шуд ягона дар Ватан манзумаи нерую нур,
Мустақил шуд назми барқу гашт равшан назду дур.

Дар ҷаҳон Роғун бишуд маъруф бо барқи қавӣ,
Рамз шуд бар халқи дунё кохи нури маънавӣ.

Нури Роғун зиндагиро кард бар мо нурбор,
Нест моро нафту газ, аммо на зорему низор.

Гашт рушди санъату фарҳанги миллӣ хуш басо,
Варзишу сайёҳӣ андар арзи кишвар шуд расо.

Сол шуд соли ҳунарҳои нафиси мардумон,
Рушди деҳот аст таъмин аз тараққиёти он.

Қадр шуд ҳувияту расму мақоми марду зан,
Чеҳраю симои миллӣ пок дар ҳар анҷуман.

Ориёро дар тамаддунҳо бувад бас нақши хос,
Пешрафти илму фарҳангу сиёсат инъикос.

Худшиносӣ ҳувият, андешаи миллӣ бувад,
Арҷи суннатҳои Ориё муҳим омад зи ҳад.

Иттиҳоду дӯстӣ, ишқу рафоқатҳо ба ҳам,
Ин бувад роҳи раҳоӣ аз рақобат ҳар қадам.

Гашта туфони сиёсат даргаҳи буҳрони даҳр,
Ҳамчунон ҳушёр бодо, н-оядо ғамбоди заҳр.

Мактаби давлатмадориаш бишуд имкони нав,
Робита бо хориҷа, сад роҳ баҳри роҳрав.

Рушди фанҳои риёзӣ, ҳам табиат, ҳам дақиқ,
То шавад омода афзун кордони мустаҳиқ.

Ҳар ҳадаф аз роҳи хос исбот шуд андар амал,
Пешрафту рушди ободист таъмин бе халал.

Шуд Китобхона намои илму фарҳанги Ватан,
Гашта ҳам Осорхона ганҷи таърихи куҳан.

Ҳайкали Исмоили Сомонӣ арҷи пойтахт,
Пайкари Фирдавсӣ, Айнӣ, Рӯдакӣ тандиси бахт.

Ҳар Паёме гашта ҳамчун раҳнамои рушди сол,
Пешрафти иқтисоду иҷтимоъ, беҳбуди ҳол.

Тоҷикистон гашт узви созмонҳои ҷаҳон,
Ҳам шарики созмони ҳифзи ҳаққи мардумон.

Баски ӯро ҳаст хулқи неку ҳам атвори хос,
Дорад ӯ сабру таҳаммул, ҳамд, ҳам арзи сипос.

Гарчӣ нафту газ набошад, иқтисодаш муътадил,
Барқи обӣ баҳри дунё дар амал ояд кафил.

Кард, Истиқлол тавъам тоҷиконро бо ҷаҳон,
Ҳам ҷаҳон пайванд шуд бо мо ҳаме аз қалбу ҷон.

Арҷи Истиқлол қадри мозию оёни мо,
Набзи давлат омада бо набзи дунё ҳамнаво.

Дошт бояд ифтихору арҷи миллӣ маънавӣ,
Поси арзишҳои миллӣ рамзи ақвоми қавӣ.

Гашт Истиқлолият чун як раҳоварди азим,
Ормони чандасри миллату қавми муқим.

Шарҳи Истиқлол, аслан, ҳаст будан мустақил,
Ҷузъи озодии инсон, бар Ватан будан кафил.

Дар сиришти мост ин асли тамаддуноварӣ,
Дарсу илму панд омӯхтем баҳри сарварӣ.

Дар амал гардидааст асъори миллӣ устувор,
Қадру қурбаш дар ҳади байналмилал дорад қарор.

Сарҳади давлат бувад зери назар боиқтидор,
Артиши миллӣ бикарда шаъни миллатро шиор.

Ин ҳама равнақ ба осонӣ ҳаме н-омад ба даст,
Бо сиёсат Пешво бас душманонро роҳ баст.

Дарки Истиқлол кард аҳли зиё, хурду калон,
Аз нигоҳи иҷтимоъу дин ҳама пиру ҷавон.

Баррасӣ гардид иқлим, гардиши боду ҳаво,
Ҳам табиат, ҳам саёҳат, ҳам сафар, ҳам рафтуо.

Ҳар каси боор донад Меҳану ҳам поси он,
Худшиносӣ, худгарӣ, миллатшиносӣ хоси он.

Зинати таърихи миллат ҳикмату илму адаб,
Ёдгориҳои Меҳан ҳифз гардад рӯзу шаб.

Нақшаи ояндааш беҳзистии ҳар насл шуд,
Миллати боҳувият бо руҳу ҷонаш васл шуд.

Гуфт, бояд хоку оби ин Ватанро дӯст дошт,
Осмону офтоби ин Ватанро дӯст дошт.

Сад хатар аз хасми пинҳониву ифротӣ бувад,
Душмани миллат, палидӣ, хубсу бадзотӣ бувад.

Гуфт, ифротӣ, хурофотӣ ба мулк орад хатар,
Каҷравӣ доранд динбозон, зи «динсозон» ҳазар.

Ҳаст бегонапарастӣ, хешнашносӣ зиён,
Хавфу таҳдиду хисороту зарар афтад гарон.

Кард эълон Пешво манъи маводи нашъадор,
Беҳ, ки бинмоем мо гандум ба ҷояш киштукор.

Ин маводи ҳушраборо буд афғон паҳнгар,
Баҳри рафъаш чораҳо шуд, чунки он дорад хатар.

Баҳри ободӣ ҷадал беҳ, гуфт, бо ҳамсоягон,
Робита бо ҳамватанҳо лозиму бегонагон.

Гуфт, ин илми муосир бояд аз худ кард чанд,
Бояд аз фанноварии ин замон бигрифт панд.

Баски дунё гашта ноорому майдони хатар,
Ваҳдати миллӣ дар ин вазъи ҷаҳон орад самар.

Ҳаққи ҳар инсон бувад аз ибтидо озодиаш,
Равнақу рушди Ватан, оромию ободиаш.

Сарсупурда чеҳраҳо ҳастанд зинда то абад,
Ҷумла тадқиқот аз дунёяшон ҷовид шавад.

Мо худ аз фарзонафарзандони худ қисмат барем,
Чунки мо аҳлу табори тоҷитиллобарсарем.

Ифтихори ориаҷдодони афзунмаънавӣ,
Чун чароғи маърифат равшанзамиранду қавӣ.
Пайравону ворисони шуҳраи миллат шавем,
Бо виқору бо шиоре бо раҳи ибрат равем.

Наслҳои олии илму хирад парвардаем,
Шуҳраҳои сатҳи дунё бар миён овардаем.

Чист фарқи давраи Сомониву даврони мо,
Он бузургон ҳарчӣ карданд, он бикарда Пешво.

Лоиқи арзиш буда мероси даврони ниё,
Манбаи маънӣ бигашта ҳикмати аҳли зиё.

Санъату фарҳанг дорад рағми ифротӣ набард,
Дар амал исбот созад ончӣ ҳар соҳир накард.

Ҳарчӣ беш омӯхт бояд панду андарзи ниё,
Ин ғановат аз башар, аз аҳли илм, аҳли зиё.

Боз бояд кард таълимоту таҳқиқотро,
Бойгониҳо бигардад поя тадқиқотро.

Шуд таҳаммул, ҳам таҳаввул бештар бар дарки кас,
Ҳам тавассул, ҳам такомул боядо бар фазл, бас.

Кард бархе як қадар маҳдуд нафту барқу роҳ,
Ин нашуд монеъ ба рушду зиндагонӣ ҳеҷ гоҳ.

Ӯ куҷо тарсид аз ин таҳдиду аз авҷи хатар?
Пеши хасми ҷони худ нотарс боз омад бадар.

Дар ҷаҳон таҳдид шуд бемории маҳви башар,
Пешво тадбир кард, он гашт аз кишвар бадар.

Завқу ҳисси миллиаш бахшид ҳисси ному нанг,
Гуфт, ирода дошт бояд ҳамчунон фулоду санг.

Тоҷикистон гашта аз ӯ ҷаннати рӯи замин,
Дашту кӯҳаш зинда дорад то абад моро, яқин.

Гуфт Сарвар, носирону шоирону олимон
Нафъи миллат ҳифз бинмуданд андар ҳар замон.

Чун баён созем нақши кас ба ҳар давру замон,
Гардиши айём меорад чунин кас дар ҷаҳон.

Ганҷи дунёянд аз аввал тамаддуноварон,
Суд меорад барои даҳр чун меросашон.

Ҳар китоби Пешво таҳқиқи воқеият аст,
Аз гузашта, ҳозиру ояндаи мо ҳикмат аст.

Ҳаст таълимоти ӯ илмию ҳам таҷрибавӣ,
Дур гаштан аз хурофотӣ ба фазли хусравӣ.

Шуд зуҳури Пешво арзи умеди тоҷикон,
Як падида ҳаст ё эҳдои қисмат дар замон.

Илм шуд фикру суханронию иброзу баён,
Гуфтугӯву суҳбату иршоди ҳар фарди ҷавон.

Кард бар фарҳанги бегона фузун аксуламал,
Гуфт, расму урфу оинро намебояд бадал.

Ҳаст таълимоти ӯ тарбияи инсон мудом,
Ҳамчу дарси маънавӣ, хулқи наку, олимақом.

Бурҷи Истиқлоли мо шуд кашфиёти илму фан,
Чунки аз Кайҳон бигирад маншаъ ин рамзи Ватан.

Чун яқин шуд Пешво худ давлати миллӣ бисохт,
Вазъи оламро биёмӯхт аз лиҳози бурду бохт.

Шуд фазилатҳои ин кирдор мақбули ҷаҳон,
Бо ниҳоди ҳам сиёсӣ, ҳам зи мавқеъи забон.

Қайд шуд дар созмони даҳр мулки тоҷикон,
Ҳамчунон як давлати комилҳуқуқ андар ҷаҳон.

Аз каломи Пешво дар анҷуманҳо баръало,
Ҷилвагар гарданд ҷумла ҷонфидоён пурҷило.

Гар бигӯӣ Черчил, Рузвелт, Гол ё Ҳо ши Мин,
Пешво андар тамаддун саҳм беҳ дорад, яқин.

Чанд гуфтем аз фазилат, аз ҳаёти Пешво,
Хислату атвору хулқ, андеша дорад бебаҳо.

Шарт он бошад, ки гуфто, к-аз азал ман тоҷикам,
Баъд муслим, аҳли дину шаҳрванду моликам.

Пешоҳанг аст бар эҳёи миллат Пешво,
Ҷоннисору қаҳрамону раҳнамову ҷонфидо.

То ки подории Истиқлол гардад устувор,
Мо бас аз бигзаштаҳои хеш созем ифтихор.

Мо биомӯзем ҳар нуқсони аҷдодони хеш,
Бо хулоса бартараф созем мушкилҳо зи пеш.

Шуд шиораш дӯст доред ин диёри хеш беш,
Ҳар замон ин ҳарф бар лаб: Тоҷикистонам, ба пеш!

Ин нидо аз қалби ӯ неру диҳад садсоларо,
Бонги шодӣ мекунад дар ҳар дил оҳу ноларо.

Пешво андешаи миллӣ фузуд андар Ватан:
Дӯст доред ин Ватанро, дӯстон, бо ҷону тан.

Давраи душвори миллат давраи сангини ӯст,
Сулҳу оромию ваҳдат нақшаи рангини ӯст.

Санъати нутқу маъонӣ қудрати волои ӯ,
Шуд силоҳи беҳтарин дар ҳалли мушкилҳои ӯ.

Пешво бо гуфтааш бар ҷисми ҳикмат ҷон диҳад,
Бо каломи неки худ бар қалби кас дармон диҳад.
Чун забони мо ба шарҳи дунявӣ тафсир ёфт,
Аз Авасто, Шоҳнома, Маснавӣ тадбир ёфт.

Шуд забон бисёр шево, лаҳни ширину расо,
Сидқ дар лаҳну садои қалби ҳар як ҷонфидо.

Матни гуфтораш матин гашта ба бурҳону рақам,
Бо нукоти бас амиқу маънавӣ, лафзи Аҷам.

Чун пажуҳиш дар забони Пешво гардад амиқ,
Ганҷи он бар насли оянда шавад равшан дақиқ.

Аз каломаш сохт бояд мактаби ҳусни баён,
Аз лиҳози маънавӣ навовариҳо дар забон.

Даъваташ гардид зидди қавми ифротӣ шиор,
Гашта бар ҳар як ниҳоде гуфтааш сармашқи кор.

Гуфт, давлатдор мо ҳастем, сарҷамъӣ зарур,
Шаҳрвандонро парасторем дар наздику дур.

Арҷ бигзорад ҳаме бар меҳнати деҳқон аён,
Қадр бинмуда варо дар сатҳи давлат ҳар замон.

Зиндагиро, гуфт, бояд бо ҳавас, бо завқ кард,
Кору меҳнат аз дилу ҷон бояду бо шавқ кард.

Пешрафти мо на танҳо ҳаст аз нақди замин,
Омили инсонӣ андар пеш мебошад, яқин.

Баҳри мардум гаштааст ояндабинмое Паём,
Бо рафоқат, дӯстӣ, пайванди қонуну низом.

Озмунҳо - илмию фарҳангӣ, авҷи маърифат,
Баҳри рушди ақлу зеҳни наслҳо аз ҳар ҷиҳат.

Ҳам баробар, гуфт, донистан забони хориҷӣ,
То расо бошад баён бо кордони хориҷӣ.

Дид таърихи Ватан андар қиёси бурду бохт,
Сӯхтан, афрӯхтан, андӯхтан бояд шинохт.

Кард мизони сиёсат бо равишҳои ҷаҳон,
З-ин сабаб бас нуктаи мушкилкушояш шуд баён.

Қаҳрамонони Ватанро ном аз нав зинда шуд,
Қаҳрамони халқи тоҷик ибрати оянда шуд.

Кишвари мо гашт марзи сабзи сулҳу амният,
Ваҳдату адлу адолат, пуршараф азму ният.

Ин даҳои Пешво пайғоми кайҳонӣ набуд,
Бо матонат, бо ҷасорат фатҳҳо овард худ.

Кард неруи иродатмандиаш акнун ба пеш,
Ёфт аз умқи замонҳо посухи пайғоми хеш.

Чун ягона раҳбаре бо халқ андар робита,
Суҳбат орояд муфид бо халқ бо ҳар восита.

Вохӯрӣ мекард чун бо мардуми деҳоти дур,
Мушкиле гар пеш меомад, ҳамекардаш убур.

Баррасӣ, таҳлил, ҳам бигрифтани ҳар маълумот,
Ҳаст истеъдоди дарки фитрияш аз ҳар ҷиҳот.

Дарсу донишгоҳу мактабро асоси умр хонд,
Илмҳои рӯз дар барномаҳои дарс монд.

Шукр аз он дорем, бо ин Пешво мо ҳамдамем,
Содиқу омода дар иҷрои амраш ҳар дамем.

Дониши таъриху илму фалсафа ибрат бувад,
Тоҷикият, ҳуввиятро тақвият ҳоҷат бувад.

Ваъдаҳои беҳбуд андар вазъу ҳоли иқтисод
Гашт иҷро дар фазои рушду равнақ барзиёд.

Гардиши озод пайдо кард охир пулу мол,
Гашт беҳтар зиндагию рӯзгору вазъи ҳол.

Минтақаи озоди тиҷорӣ биомад рӯи кор,
Гашт бо ҳамкори хориҷӣ таомул бобарор.

Сарфаи озуқа бояд, гуфт, ду соли ахир,
Он мабодо, мушкилӣ, қаҳтӣ биояд авҷгир.

Рафъи ҳолатҳои фавқулода тадбир асту бас,
Бе ҳимоя аз хатарҳояш намебояд нишаст.

Вусъати беҳбуди вазъи иҷтимоӣ бас фузуд,
Бо ирода аз дили мардум бибояд ғам зудуд.

Дар ҷаҳон бас бесарусомонӣ омад бар миён,
Гар сари ҳикмат надорӣ, мекунад бар ту зиён.

Дар чунин вазъ ӯ низоме тоза роҳандоз шуд,
Бо қадамҳои замону вақти худ ҳамсоз шуд.

Гуфт, ҳар оиларо: хонед Қуръонро дуруст,
Дарку маънидоду фаҳмидан ҳар инсонро накуст.

Сураи аввал бигуфто «Иқра» ҳаст аз илму фан,
Пурра хонедаш, баред ибрат амиқ аз ин сухан.

Низ бар ҳар хонадон додан китоби «Тоҷикон»,
То шавад огаҳ тамоми халқ аз таърихамон.

«Шоҳнома» низ равшан кард ҳар кошонаро,
Қадрдониҳо намуд бояд ки ин дурдонаро.

Дода шуд дастури Конуни тамаддун – «Ориё»,
Маркази байналмилал - «Наврӯз» ҳам кардан бино.

Гуфт, мебояд биомӯзем алифбои ниё,
Паҳлавию суғдию ҳам бохтар жарфу расо.

Ҷашни Наврӯзӣ бишуд аз Пешво ҷашни ҷаҳон,
То шаванд аҳли Аҷам сарҷамъ дар ин остон.

Вожаи Наврӯз «Нукруч» аст андар паҳлавӣ,
«Нук» ба маънои «нав» асту «руч» рӯзи хусравӣ.

Маънии «Наврӯз» рӯзи нав, каломи тоҷикӣ,
Гар набошад моли мо, худ пас бигӯ ин моли кӣ?

Ҷашни Наврӯзӣ бувад худ хоси аҳли Ориён,
Аз Хуросон то Вароруди Аҷам, қисми ҷаҳон.

Рӯзи Ҳурмузию Султонӣ ва ё Рӯзи Ҷалол,
Рӯзи инъому муросо, дӯстӣ, оғози сол.

Ҳамчунин дигар маводҳо: