ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 270; с. 2021, №1-2, мод. 12; с. 2024, №1-2, мод.17; с. 2025, № 11-12, мод. 882, мод. 883) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- вазни зиёди бадан – ҳолати аз меъёр зиёд будани чарббандӣ, ки тавассути индекси вазни бадан муайян карда мешавад;»;
- сархати нуздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- воситаҳои худназораткунӣ – асбобҳое, ки имконияти мустақилона муайянкунӣ ва низоми мониторинги доимии сатҳи қандро дар хун таъмин менамоянд;»;
- сархати бисту нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ғизои солим – ҷараёнҳои алоқамандии ҳамаи моддаҳои ғизоӣ бо дарназардошти миқдор, сифат ва омили дар организм ҳосилнашаванда, ки талаботи физиологии организмро вобаста аз ҷинс, синну сол, фаъолияти меҳнатӣ ва ғайра қонеъ мегардонад;»;
- сархати сию панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- диабети қанд – бемории музмин, ки бо баландшавии устувори сатҳи қанд дар хун тавсиф шуда, дар натиҷаи норасоӣ ва ё вайроншавии таъсири инсулин (ҳормони ғадуди зери меъда) ба вуҷуд меояд;»;
- сархатҳои сию шашум ва сию ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- диабети қанди навъи 1 – беморие, ки бар асари он ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо намекунад ва гузаронидани инсулин ба организм зарур аст;
- диабети қанди навъи 2 – беморие, ки бар асари он организм инсулинро самаранок истифода намекунад ва он сабаби баландшавии сатҳи қанди хун гардида, беморро водор месозад, ки бо маслиҳати табиб доруи зиддидиабетӣ истеъмол кунад ё инсулин қабул намояд;»;
- сархати чилу сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- индекси вазни бадан – нишондоде, ки мувофиқатии вазни инсонро нисбат ба қадди ӯ баҳо медиҳад (вазн дар кг/қад дар м2);»;
- сархати ҳаштодум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- оризаҳои диабети қанд – осеб дидани рагҳои хунгард, ки сабабҳои асосии маъюбшавии беморон ба ҳисоб рафта, онҳо дар шакли осеб ёфтани шабакияи чашм (ретинопатияи диабетикӣ) бо инкишофи минбаъдаи нобиноӣ, осеб дидани гурдаҳо (нефропатияи диабетикӣ), инчунин бо пайдоиши захмҳои трофикӣ дар пойҳо, сироятёбии онҳо ва эҳтимоли ампутатсия (синдроми попанҷаи диабетикӣ) зоҳир мегарданд;».
2. Ба қисми 1 моддаи 55 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- гузаронидани машқҳои мунтазами ҷисмонӣ на камтар аз 20 дақиқа дар як шабонарӯз;».
3. Номи БОБИ 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«БОБИ 27. ПЕШГИРӢ ВА НАЗОРАТИ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД».
4. Дар моддаи 209:
- дар ном ва минбаъд дар тамоми матни Кодекс калимаҳои «шаҳрвандони мубталои» ба калимаи «беморони» иваз карда шаванд;
- ба сархати якуми қисми 1 пас аз калимаи «ҳаёт» калимаҳои «ва саломатӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 1 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бартараф сохтани монеаҳо барои ҳамбастагии комил, новобастагӣ, баробарҳуқуқӣ, мустақилият ва пешгирии табъизи ин гурӯҳи шахсон дар ҷомеа;».
- қисмҳои 2 ва 3 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳамчун масъули ташкили бевосита ва ҳамоҳангсози иҷрои чорабиниҳо вобаста ба пешгирии бемории диабети қанд ва ҳимояи тиббию иҷтимоии беморони диабети қанд:
- сиёсати давлатӣ дар самти ба амал баровардани ҳуқуқи беморони диабети қандро амалӣ месозад;
- номгӯйи доруҳои зиддидиабетӣ ва воситаҳои худназораткуниро, ки ройгон дода мешаванд, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ҳуҷҷатҳои методиро оид ба пешгирӣ, ташхис, табобат ва назорати бемории диабети қанд таҳия ва қабул мекунад;
- корҳои илмию тадқиқотиро дар мавзуи бемории диабети қанд ҳамоҳанг ва маблағгузорӣ мекунад;
- бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ низоми мониторинг ва назорати сифати хизматрасонии тиббию иҷтимоии муассисаҳои пешгирию табобатии бемории диабети қанд, фаъолияти озмоишгоҳҳо, усулҳои ташхис, табобат ва худназоратии онҳоро ба роҳ мемонад;
- дастурҳои методии роҳбарикунандаро оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории диабети қанд тасдиқ менамояд;
- Феҳристи давлатии беморони диабети қандро пеш мебарад.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии бемории диабети қанд, ҳимояи тиббию иҷтимоии беморони диабети қанд иштирок карда, оид ба ҳимояи иҷтимоии беморон тадбирҳо меандешад ва дар ин самт иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро таъмин менамояд.»;
- қисми 2 қисми 4 ҳисобида шавад.
5. Моддаҳои 2091 ва 2092 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 2091. Корҳои маърифатӣ оид ба бемории диабети қанд
1. Корҳои маърифатӣ оид ба бемории диабети қанд аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб якҷо бо мутахассисони соҳаҳои дигар мунтазам гузаронида шуда, дар байни аҳолӣ ба роҳ мондани корҳои иттилоотонӣ вобаста ба пешгирии бемории диабети қанд ва ба беморони диабети қанд таълим додани истифодаи воситаҳои худназораткунӣ ва пешгирӣ аз оризаҳои диабети қандро дар бар мегиранд.
2. Корҳои маърифатӣ оид ба бемории диабети қанд андешидани тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- нашр кардани маводди пешгирии бемории диабети қанд ва ташхиси барвақтӣ;
- интишори воситаҳои методологӣ барои беморони диабети қанд аз рӯйи асосҳои парҳезшиносӣ, худназораткунӣ ва пешгирии оризаҳои диабети қанд;
- ташкили барномаҳои телевизионӣ ва радио дар мавзуи бемории диабети қанд;
- интишори нашрияҳои махсуси даврӣ (рӯзнома, маҷалла) барои аҳолӣ доир ба бемории диабети қанд.
Моддаи 2092. Чораҳои ҳатмии пешгирӣ аз бемории диабети қанд
Чораҳои ҳатмии пешгирӣ аз бемории диабети қанд инҳо мебошанд:
- нигоҳ доштани вазн мувофиқи индекси вазни бадан;
- машқҳои мунтазами ҷисмонӣ на камтар аз 20 дақиқа дар як шабонарӯз;
- риояи истеъмоли ғизои солим;
- пешгирии омилҳои зидди тарзи ҳаёти солим ва назорати мунтазами вазъи саломатӣ.».
6. Дар қисми 1 моддаи 210:
- дар сархати дуюм калимаҳои «давлатӣ,» ва «тиббию санитарӣ» мувофиқан ба калимаҳои «давлатии» ва «махсусгардонидаи тиббӣ» иваз карда шаванд;
- ба сархати сеюм пас аз калимаи «иҷтимоӣ» калимаҳои «вобаста ба маҳалли зист ё истиқомати доимӣ» илова карда шаванд;
- сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- омӯзиши асосҳои пешгирии оризаҳо ва назорати бемории диабети қанд;
- интихоби инсулин бо маслиҳати табиби табобаткунанда;».
7. Моддаи 2101 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2101. Уҳдадориҳои бемори диабети қанд
Бемори диабети қанд уҳдадор аст:
- вазъи саломатии худро назорат ва беҳтар намояд;
- аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва маҳсулоти тамоку худдорӣ намояд;
- ба мутахассиси тиб маълумоти дастрасро дар бораи вазъи саломатии худ, аз ҷумла маълумот дар бораи таъсири манфии доруҳои пештар истифодашуда, бемориҳои ирсӣ ва қаблан гузаронида пешниҳод намояд;
- ташрифи мунтазамро ба муассисаҳои тиббӣ риоя карда, дастурҳои тиббии муқарраршударо сари вақт ва пурра иҷро намояд.».
8. Дар қисми 3 моддаи 211:
- дар сархати якум пас аз калимаи «генноинженерӣ» аломат ва калимаҳои «, ҳаммонанди онҳо» илова карда шуда, калимаҳои «автоматонидашуда» ва «ва ҳамчунин ба навъи 2» мувофиқан ба калимаҳои «помпаҳои инсулинӣ» ва «, диабети қанди навъи 2» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта «.» иваз карда шавад;
- сархати сеюм хориҷ карда шавад.
9. Дар моддаи 212:
- ба қисми 3 сархатҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- баланд бардоштани маърифати умумии иҷтимоӣ ва сатҳи огоҳии умумӣ оид ба масъалаҳои бемории диабети қанд;
- ташкили истироҳатгоҳҳои табобатӣ барои кӯдакон ва калонсолони бемори диабети қанд;»;
- қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«4. Хизматрасонии иҷтимоӣ барои беморони диабети қанд, аз ҷумла маъюбон ва пиронсолоне, ки ба хизматрасонии иҷтимоии доимӣ ё муваққатӣ ниёз доранд, дар хона ва муассисаҳои будубоши доимӣ аз ҷониби кормандони хадамоти иҷтимоӣ тавассути пешниҳоди хизматҳои иҷтимоии хусусияти гуногундошта ба амал бароварда мешавад. Хизматрасонии иҷтимоӣ барои беморони диабети қанд бо мақсади таъмини шароити табиӣ барои мутобиқшавӣ ва барқарорсозӣ ё нигоҳдории доимии шароити муқаррарии зиндагии онҳо, расонидани кумак дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ, инчунин пешгӯӣ ва пешгирии чунин ҳолатҳо анҷом дода мешавад.
5. Хизматрасонии иҷтимоӣ ба беморони диабети қанд, ки бинобар сабаби пиронсолӣ, беморӣ, маъюбӣ ва ҳолатҳои дигари душвори зиндагӣ қобилияти нигоҳубини худро қисман аз даст додаанд, пешниҳод карда мешавад.».
10. Ба моддаи 213 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Ба кӯдакони бемории диабети қанд дар як сол як маротиба табобати ройгони санаторию курортӣ аз рӯйи нишондодҳои тиббӣ дар муассисаҳои санаторию курортии махсусгардонидашуда кафолат дода мешаванд.».
11. Дар моддаи 215:
- дар сархати чорум калимаҳои «як маротиба» ба калимаҳои «ду маротиба» иваз гардида, аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад;
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таъмини доругузаронӣ, ки хуруҷи заъфи гурдаро пешгирӣ менамояд.».
12. Моддаи 2161 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2161. Маблағгузории чорабиниҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии беморони диабети қанд
Чорабиниҳо оид ба амалисозии сиёсати давлатӣ ва иҷрои барномаҳои мақсадноки ҳимояи тиббию иҷтимоии беморони диабети қанд аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории низоми давлатии тандурустӣ роҳандозӣ карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2276
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №187
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 10 июни соли 2026, №474
