https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22 июн 2026, 18:51
13

Моддаи 1. Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 270; с. 2021, №1-2, мод. 12; с. 2024, №1-2, мод. 17; с. 2025, №11-12, мод. 882, мод. 883) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Сархати чоруми моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- манбаъҳои маблағгузории дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.».

2. Дар номи боби 5 калимаҳои «ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ, ИҶОЗАТДИҲӢ» ба калимаҳои «ДОДАНИ ҲУҶҶАТҲОИ ХУСУСИЯТИ ИҶОЗАТДИҲИДОШТА» иваз карда шаванд.

3. Моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 20. Ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар соҳаи фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ

Додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар соҳаи фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».

4. Моддаи 21 хориҷ карда шавад.

5. Дар қисми 3 моддаи 79 калимаҳои «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.

6. Дар матни моддаи 121 калимаҳои «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ба калимаҳои «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» иваз карда шаванд.

7. Дар қисми 2 моддаи 184 калимаи «товони» ба калимаи «ҷуброни» иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2274

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №186

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 14 апрели соли 2026, №412