ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ КӮҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 531; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 703) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати чоруми моддаи 1 калимаи «маҷмӯи» ба калимаи «маҷмуи» иваз карда шавад.
2. Дар сархати дуюми моддаи 4 калимаи «табиии» ба калимаҳои «табиӣ ва объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангии» иваз карда шавад.
3. Моддаи 61 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
Моддаи 61. Ҳифзи муҳити зист ва объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ
1. Дар минтақаҳои кӯҳӣ системаҳои табиии экологӣ, ландшафтҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ таҳти муҳофизати махсус қарор дода мешаванд.
2. Истифодаи қитъаҳои алоҳидаи минтақаҳои кӯҳӣ, ки ҷойи сукунати объектҳои олами ҳайвоноти эндемикӣ, нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, инчунин маҳалли ҷойгиршавии объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ мебошанд, бар хилофи мақсадҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ манъ аст.
3. Ба корҳои сохтмонӣ, ҷойгиронии объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари хоҷагидорӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, ки метавонанд ба муҳити зист ва объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ таъсири манфӣ расонанд, пас аз гирифтани хулосаи мусбати экспертизаи давлатии экологӣ иҷозат дода мешавад.».
4. Дар моддаи 8:
- аз сархати якум калимаҳои «ташаккул ва» хориҷ карда шаванд;
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ;»;
- дар сархати чорум калимаҳои «барномаҳои мақсадноки» ба калимаҳои «ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 9:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- иштирок дар таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ;»;
- дар сархати сеюм калимаҳои «соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии» ба калимаҳои «ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кишоварзӣ,» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаи «муқарар» ба калимаи «муқаррар» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 10:
- ба сархати якум пас аз калимаи «таъмини» калимаҳои «шуғли аҳолӣ ва» илова карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум калимаи «чарогоҳҳои» ба калимаи «чарогоҳии» иваз карда шавад;
- ба модда сархати сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таъмини омодабошӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ.».
7. Дар қисми 1 моддаи 12 калимаи «мӯҳлати» ба калимаи «муҳлати» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2272
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №184
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2026, №425
