ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 22 июни соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №4-6, мод. 152; с. 2024, №5-6, мод. 257; с. 2025, №6-10, мод. 634, №11-12, мод. 889) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 11 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта ба шахси дигар гузашт кардани ҳуқуқ, додан ё фурӯхтани ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта манъ аст.».
2. Дар моддаи 24:
дар банди 2) калимаҳои «маҳалли ҷойгиршавии» ба калимаи «суроғаи» иваз карда шаванд;
банди 5) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5) санаи додани иҷозатнома ва рақами он тибқи феҳристи мақоми иҷозатдиҳанда;»;
ба банди 10) пас аз калимаи «иҷозатнома» калимаҳои «ва рақами он» илова карда шуда, аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
банди 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«11) маълумот оид ба суроғаи сомонаи расмие, ки дар он фаъолияти иҷозатномашаванда тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет, ба роҳ монда мешавад.».
3. Сатри 5 ҷадвали 1 замима ба Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«
|
5. Фаъолияти букмекерӣ, ташкили кассаҳои тотализатор ва бозии лото |
- фаъолияти букмекерӣ |
10 (даҳ) |
130000 (яксаду сӣ ҳазор) |
130000 (яксаду сӣ ҳазор) |
|
- фаъолият оид ба ташкили кассаҳои тотализатор |
10 (даҳ) |
130000 (яксаду сӣ ҳазор) |
130000 (яксаду сӣ ҳазор) |
|
|
- фаъолият оид ба ташкили бозии лото |
10 (даҳ) |
400 (чорсад) |
400 (чорсад) |
»
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2268
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №180
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 10 июни соли 2026, №468
