https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДАКТИЛОСКОПӢ»

№:75-76 (5127-5128), 22 июн 2026, 19:06
6

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» аз 3 сентябри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 234; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 809; с. 2014, №11, мод. 652; с. 2025, №11-12, мод. 896) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- дар сархати якум калимаи «бешаҳрвандӣ» ба калимаи «бешаҳрванд» иваз карда шавад;

- ба сархати дуюм пас аз калимаи «наметавонанд» калимаҳои «ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд» илова карда шаванд;

- дар сархати сеюм калимаи «шаҳрвандоне» ба калимаи «шахсоне» иваз карда шавад;

- дар сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- мақсадҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».

2. Дар қисми сеюми моддаи 2 калимаҳои «амалҳои зерин» ва «мешавад» мувофиқан ба калимаҳои «намудҳои бақайдгирии давлатии дактилоскопии зерин» ва «мешаванд» иваз карда шаванд.

3. Ба моддаи 5 пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» илова карда шуда, калимаи «шаҳрвандон» ба калимаҳои «шахсони мазкур» иваз карда шавад.

4. Матни моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Бо бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд:

- шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд, айбдор ва маҳкум карда шудаанд, инчунин шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ садди роҳи муайян кардани шахсият мегарданд;

- шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба кор дар корхона, муассиса, дигар ташкилотҳо ва ё воҳидҳои сохтории онҳо, ки фаъолияти онҳо ба ҳаёти кормандон хатари калон дорад ё бо низоми махсуси махфӣ алоқаманд аст, тибқи номгӯйи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқшуда қабул карда мешаванд;

- шахсоне, ки ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат барои гирифтани рухсатнома барои нигоҳ доштани силоҳ муроҷиат мекунанд;

- шахсоне, ки дар ҳудуди минтақаҳои фавқулодаи хавфноки дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ истиқомат менамоянд;

- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паноҳ ҷустан меоянд;

- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд;

- шахсоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд;

- ҷасадҳои шахсияташон шинохтанашуда.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2266

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №178

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 8 апрели соли 2026, №405